• usd +0.88%
    417.9
  • eur -2.44%
    503.07
  • rub +0.05%
    5.64
  • gbp +1.47%
    582.8
  • cny +0.18%
    64.7
 
  Таджикистан
 

ПАЁМИ

ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ЌАЗОЌИСТОН -

ПЕШВОИ МИЛЛАТ Н. А. НАЗАРБАЕВ

БА МАРДУМИ ЌАЗОЌИСТОН


СТРАТЕГИЯИ

«ЌАЗОЌИСТОН-2050»


РОЊИ СИЁСИИ НАВИ ДАВЛАТИ

МУТАШАККИЛ



 
Ќазоќистонињои   мўњтарам! Њамватанони гиромї!
 
Имрўз мо дар арафаи Иди Истиќлолият љамъ шудаем.
Аллакай бештар аз 20 сол мешавад, ки мо бо ифтихор ин иди бузургро ќайд менамоем.
16 декабри соли 1991 мо, мардуми Ќазоќистон, истиќлолият, озодї, ошкорї ба љањонро интихоб кардем. Имрўз ин арзишњо љузъи њаёти њаррўзаи мо гаштааст.
Он ваќт, дар аввали роњ, њама чиз дигар хел буд. Акнун бошад, ба шарофати кўшишњои умумии мо, кишвар дигаргун шудааст, онро њоло шинохта намешавад.
Имрўз мо – давлати муваффаќ, ки дорои симои худ, хусусиятњои худ ва мавќеъи хоси худ мебошад, њастем.
Фатњи ќуллаи аввал бо бањои гарон ба даст омад.
Давлат 20 сол барои тањкими истиќлолят ва иќтидори сиёсї кор кард. Баъди бист сол ба ин ноил шудем. Марњилаи ташаккул бомуваффаќият хотима ёфт.
Ќазоќистони аввали асри XXI соњибистиќлол ва мустањкам аст.
Таѓйиротњое, ки дар олам тањти таъсири бўњрони дарозмуддат гузашта истодаанд, моро ба њарос намеоранд. Мо ба онњо тайёр њастем. Њоло бошад, вазифаи мо – ин нигоњ доштани њамаи дастовардњое, ки солњои истиќлол ба даст омад ва идома додани густариши босубот дар асри XXI мебошад.
Маќсади асосии мо – то соли 2050 ташкил кардани некўањволии љамъияте, ки ба давлати пурќуввати дорои иќтисоди мутараќќї ва имкониятњои васеи мењнати умум асос ёфтааст, мебошад.
Давлати пурќувват хеле муњим мебошад, то шароитњои равнаќи босуръати иќтисод таъмин шавад
Давлати пуриќтидор бо сиёсати халосёбї аз мушкилињо машѓул намешавад, балки бо сиёсати банаќшагирии дарозмуддат ва тараќќиёти босуботи иќтисодиёт машѓул мешавад.
Мањз барои њамин, ман имрўз дар арафаи Иди Истиќлолият ба Шумоён, њамдиёрони азиз, бо Паёми нави хеш мурољиат намуда истодам.
Ин нигоњи ман ба дурнамои тараќќиёти давлати мо мебошад. Ин – роњи нави сиёсист.

I.Ќазоќистони муташаккил – санљиши давлатдории мо аз тариќи бўњрон, иќтисоди миллї, љамъияти шањрвандї, мусолињаи љамъият, пешвоии минтаќавї ва обрўи љањонии мо.

 
Расо 15 сол ќабл, мо Стратегияи тараќќиёти Ќазоќистонро то соли 2030 ќабул намудем.
Ин соли 1997 буд – њоло бесарусомонии баъдишўравї ба охир нарасида буд, бўњрон мамлакатњои Осиёи Љанубї – Шарќї ва баъзе дигар бозорњои љањонро ба ларза оварда буд. Вазъияти мо низ душвор буд.
Њамаи он солњо стратегияи мо њамчун чароѓи рањнамо роњи моро равшан мекард ва имкон дод, то мо рањгум назада, босубот пеш равем.
Соли 1997 – ро дар хотир доред?
Баъди баромади ман Парлумонро изтироб ва њаяљон пахш намуд.
Бисёрињо аз худ суол мекарданд: «Ин чист – ташвиќ? Ваъдаи неъмати илоњист?» Вазифањои дар пеш гузошташуда њамин ќадар мураккаб менамуданд.
Вале, чї тавре, ки мегўянд, чашм њарос мекунаду, дастон иљро менамоянд.
Дар назди мо вазифаи азиме меистод – масири таърихро дигар кунем. Давлати нав бунёд намоем.
Барои њалли ин масъала мо бояд модернизатсияи сетарафаро ба анљом мерасонидем: давлатро бунёд кунем ва ба иќтисоди бозаргонї ворид шавем, асосњои давлати иљтимоиро бигзорем, шуури љамъиятиро аз нав созем. Мо бояд роњи хоси худро муайян намоем. Ин роњ дар Стратегияи «Ќазоќистон – 2030» тарњрезї шуда буд. Ин њуљљат имконият дод, ки маќсадњои стратегии худро аён бинем ва љањонбиниро васеъ намоем.
Њикмати халќ мегўяд: «Мақсат – жетiстiктiң желкенi», яъне «Маќсад – бодбони комёбињост». Фаќат маќсади дуруст ба пеш гузошташуда иљрошуданист.
Имрўз барои ман шарафи бузургест арз намоям, ки мо роњи дурустро пеш гирифта будем. Бўњрони љањонии солњои 2008 – 2009 инро исбот намуд.
Ќазоќистон ба он тоб овард. Бўњрон дастовардњои моро нобуд насохт, балки боз њам моро ќавитар сохт. Роњи интихобкардаи тараќќиёти сиёсї, иљтимої – иќтисодї ва хориљии давлати мо самаранокиашро нишон дод.
 
Давлати пуриќтидори муваффаќ
Дастоварди асосии мо – ин ташкили Ќазоќистони соњибистиќлол аст.
Мо сарњадњои худро ќонунан ба расмият даровардем. Мо фазои иќтисодии ягонаи давлатро ташкил кардем. Алоќањои истењсолиро аз нав ба танзим даровардем ва онро тањким додем. Имрўз њамаи ноњияњо дар робитаи њамдигар фаъолият карда истодаанд.
Ислоњоти таърихан зарури конститусионї ва сиёсиро ба амал даровардем, ва он дар навбати худ, низоми замонавии идораи давлатиро барпо намуд, ки бар таќсими шохањои њокимият асос меёбад.
Пойтахти нави давлат – Остонаро бино намудем. Ин шањри замонавї буда, рамз ва фахри мо гаштааст. Мо тавонистем иќтидори пойтахтамонро истифода бикунем, то ба тамоми љањон имкониятњои худро нишон дињем. Мањз барои њамин, муљтамаи љањонї Ќазоќистонро љои гузаронидани Намоишгоњи байналмилалии «EXPO – 2017» интихоб намуд. Агар Остона намешуд, ин ѓайриимкон буд. Ба ин шараф на њар кас ноил мегардад. Зикри он чиз кофист, ки давлати мо дар њудуди собиќ шўравї якумин шуда, раисии САЊА – ро ба дўш гирифт, саммити ин созмонро гузаронид ва «EXPO – 2017» - чорабинии миќёси байналхалќиро мегузаронад.
 
Раванди босуботи демократикунонї ва либерализатсия
Мо аз рўи муодилаи равшани «Аввал – иќтисод, баъд – сиёсат» равонаем. Њар як марњилаи ислоњоти сиёсї бо сатњи тараќкиёти иќтисодиёт пайваст мешавад. Барои њамин мо бемайлон ба самти либерализатсияи сиёсї рафта истодаем. Фаќат њамин тавр давлатро нав кардан мумкин аст, ки он раќобатпазир гардад.
Љамъияти мо ќадам ба ќадам ба стандартњои баланди соњаи демократия ва њуќуќи инсон наздик шуда истодааст.
Мо њуќуќ ва озодиро дар Сарќонуни кишвар асос гузоштаем. Имрўз њамаи шањрвандони Ќазоќистон њуќуќ ва имкониятњои баробарро доранд.
 
Сулњ ва мусолиња дар байни гурўњњои гуногуни иљтимої, ќавмї ва мазњабї.
Мо њаќиќати таърихиро нисбат ба халќи ќазоќ, фарњанг ва забони худ барќарор намудем.
Ба гуногунии ќавмї, фарњангї ва мазњабї нигоњ накарда, мо дар мамлакати худ сулњ ва истиќрори сиёсиро нигоњ доштем.
Ќазоќистон барои намояндагони 140 миллат ва 17 мазњаб хонаи падарї гаштааст.
Сулњи шарвандї ва мусолињаи миллї – маќсади асосии мост. Сулњ ва мусолиња, муколимаи фарњангї ва мазњабї дар мамлакати бисёрќавмаи мо воќеан хамчун намунаи љањонї эътироф шудааст
Ассамблеяи халќњои Ќазоќистон мисоли ягонаи авруосиёии муколимаи фарњангї гашт. Ќазоќистон ба маркази љањонии муколимаи байнимазњабї табдил ёфт.

Иќтисоди ватанї. Маќоми мо дар таќсими љањонии мењнат.
Мо дар Иттињоди Давлатњои Мустаќил аввалин шуда модели њозиразамони иќтисоди бозориро ташкил намудем, ки бар моликияти хусусї, раќобати озод ва принсипњои кушод асос ёфтааст. Модели мо бар наќши фаъоли давлат дар љалби сармоягузории хориљї такя мекунад.
Мо бештар аз 160 миллиард доллар сармояи хориљиро ба мамлакат ворид сохтем.
Барои фаъолияти соњибкорї шароитњои мусоид фароњам оварда шудааст ва низоми андозсупории замонавї ташкил карда шудааст.
Мо иќтисоди ватаниро ботадриљ тараќќї медињем. Дар барномаи саноатикунонии босуръат ман вазифа гузоштам: дар ду панљсола симои иќтисоди мо дигаргун карда шавад, то аз ноустувории нархи љањонии ашёи хом вобаста набошад.
Дар давоми 15 сол пас аз ќабули Стратегия – 2030, давлати мо ба ќатори панљ мамлакати тадриљан тараќќикунанда дохил шуд.
Дар натиља, пас аз љамъбасти соли 2012 мо аз рўи њаљми маљмўи мањсулоти дохила (ММД) ба ќатори 50 давлати дорои иќтисоди бузург дошта шомил шудем.
Рейтингњои эътирофшудае њастанд, ки њамаи давлатњои љањон тараќќиёти худро аз рўи он ќиёс менамоянд. Шаш сол ќабл аз ин ман вазифаи умумиллие гузошта будам, ки ба ќатори 50 давлати раќобатпазири љањон ворид шавем. Аз рўи рейтинги Форуми иќтисодии љањонї Ќазоќистон љои 51 – ро ишѓол менамояд. Имрўз мо дар як ќадам аз маќсади гузоштаи худ истодаем.
 
Сиёсати иљтимоии пурќуввате, ки истиќрори љамъиятї ва мусолињаро таъмин ме кунад.
Сатњи зиндагии мардум барои ман меъёри асосї буд ва хоњад монд. Дар давоми 15 сол даромади ќазоќистонињо 16 маротиба афзуд.
Адади шањрвандоне, ки даромадашон аз камтарин маблаѓ барои рўзгузаронї пасттар аст, 7 маротиба,   адади бекорон бошад, ду маротиба кам шудааст.
Мо ба љамъияте, ки љавњараш адолати иљтимоист, асос гузоштем.
Мо тавонистем тандурустии миллатро ба таври назаррас бењтар намоем.
Барои баланд бардоштани самаранокии соњаи тандурустї ислоњоти низоми сохторї, идора ва маблаѓгузории он амалї гардид.
Дар панљ соли охир фавти модарон њангоми таваллуд 3 маротиба кам шудааст ва миќдори таваллудшавї якуним баробар афзудааст.
Барои гирифтани маълумот имкониятњои баробар фароњам оварда шудааст.
Дар давоми 15 соли ахир харољоти маориф 9,5 маротиба зиёд карда шуд. Барномаи Давлатии инкишофи маориф, ки њадафаш бењтар кардани сатњи маориф – аз томактабї то олї мебошад, амалї карда мешавад.

Ба шарофати сиёсати худ, ки маблаѓгузорињои дарозмуддатро ба иќтидори инсон равона карда шудааст, мо тавонистем насли љавони болаёќатро тарбия намоем.
 
Давлате, ки љањон эътирофаш кардааст
Дар сиёсати љањонї давлати мо – шарики масъул ва боэътимоде, дорои обрўи бечунучарои оламї дорад, мебошад. Мо дар тањкими бехатарии љањонї наќши муњимро бозї менамоем, дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалї ва ифротгарої ва гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир созмонњои байналмилалиро дастгирї менамоем.
Бо ташаббуси мо Љаласа оид ба њамкорї ва боварї дар Осиё (ЉЊБО) – майдони муњими муколимаи глобалї барои бехатарии мо, доир гардид. Имрўз ЉЊБО 24 давлатро бо ањолии бештар аз 3 миллиард муттањид сохтааст.
Љумњурии Ќазоќистон 2 – 3 соли охир раисиро дар Созмони бехатарї ва хамкорї дар Аврупо, Созмони Њамкории Шанхай, Созмони њамкории исломї ва Созмони Иттифоќи бехатарии якљоя ба љо овардааст.
Дар Форуми иќтисодии Остона мо шакли нави муколима – G – Global –ро пешнињод намудем. Моњияти ин ташаббус – якљоя кардани кўшиши њамагон барои барпо намудани сохти љањонии боадолат ва бехатар мебошад.
Мо барои таъмини бехатарии глобалии энергетикї ва озуќавї сањми босазо мегузорем.
 
Наќши фаъоли мо дар ривољи низоми манъи яроќи њастаї
Ташаббусњои мо барои тањкими низоми манъи яроќи њастаї – ин сањми босазои мо дар тартиб, истиќрор ва бехатарии љањон мебошад.
Бо бастани майдони озмоиши њастаии Семипалатинск ва даст кашидан аз яроќи њастаии худ, мо аввалин шуда дар љањон кафолати бехатариро аз љониби давлатњои абарќудрати њастаї – ИМА, Русия, Британияи Кабир, Фаронса ва Хитой гирифтем.
Мо дар барпо намудани минтаќаи аз яроќи њастаї озод дар Осиёи Марказї наќши асосиро бозидем ва барои барпо намудани чунин минтаќањо дар дигар минтаќањои олам, хусусан дар Шарќи Наздик, фаъолона иштирок меварзем.
Мо љидду љањди љамъияти љањониро барои мубориза бар зидди тањдиди терроризми њастаї тарафдорї  менамоем.
Њоло мо бо љиддияти том дар бораи зарурати ќабули тадбирњои минбаъдаи ќотеона барои манъи тањдиди њастаї, њарф мезанем. Мо чунин њисоб мекунем, ки Ќарордоди пањн накардани яроќи њастаї мањаки асосии низоми пањн накардан буд ва њоло њам њаст.

Омили асосии тањкими низоми пањн накардан бояд њарчї зудтар эътибор пайдо кардани Ќарордоди манъи умумии озмоиши яроќи њастаї мебошад.
Се сол пеш Ассамблеяи СММ пешнињоди маро оид ба 29 август эълон кардани Рўзи байналмилалии  зидди озмоиши яроќи њастаї дастгирї намуд.
Њамаи ин – эътирофи маќоми мо дар сиёсати љањонї мебошад.
Ба шарофати чунин сиёсати бомасъулият Ќазоќистон феълан маќоми пешоњанги њаракати љањонии бе яроќи њастаиро соњиб шуд ва барои дигар давлатњо намуна гардид.
 
Стратегияи «Ќазоќистон – 2030». Натиљањои асосї
Дар Стратегияи «Ќазоќистон – 2030» мо муваффаќияти давлати худро ба наќша гирифта будем.
Мо ботадриљ ва бемайлон ба сўи маќсадњои гузоштаи худ равона будем. Њатто дар ављи бўњрони љањонии солњои 2008-2009 иќтисоди ватании мо ривољашро давом дода буд.
Инак имрўз барои ман натиљањои Стратегияи – 2030 –ро, ки аз рўи баъзе нишондодњо он пеш аз мўњлат иљро гардидааст, љамъбаст намудан шарафи бузургест.
 
(1)    БЕХАТАРИИ МИЛЛЇ. Дар назди мо вазифаи тараќќиёти Ќазоќистон бо нигоњ доштани ягонагии масоњаташ меистод. Ба мо муяссар гашт, то аз наќша зиёдро амалї созем.
Аввалин бор дар таърихи худ давлати мо дорои сарњадњои аз тарафи умум эътирофгашта шуд. Сарњадњои давлатї аломатгузорї карда шуданд – ин бошад 14 њазор километр мебошад.
Ќазоќистон сарњадњои бањрии худро низ дар бањри Каспий боэътимодона назорат менамояд.
Аз имрўз эътиборан масъалаи даъвои минбаъдаи замин аслан аз байн бурда шуд. Мо барои насли ояндаи худ ягон замини бањсталаб бо њамсоягони худ нагузоштем.
Мо артиши пурќувват ва њозиразамони дорои ќобилияти муњофизати кишварро бунёд сохтем, низоми њифзи њуќуќе, ки метавонад бехатарии шахсият, љамъият ва давлатро таъмин созад, ташкил кардем.
 
(2) МО ИСТИЌРОРИ СИЁСИИ ДОХИЛЇ ВА ВАЊДАТИ МИЛЛИРО дар давлате, ки
дар он намояндагони 140 халќият ва 17 мазњаб умр ба сар мебаранд, нигоњ доштем ва тањким бахшидем. Сиёсати мо муваффаќ буд.
Мо тадриљан маќомоти љамъияти шањрвандиро дар асоси модели демократии тараќќиёт ташкил намудем. Маќоми омбудсмен оид ба њуќуќи инсон таъсис гардид. Пештар дар давлати мо бисёрњизбї набуд, њозир бошад, дар давлат њизбњои њамаи табаќањои сиёсии љамъият фаъолият мекунанд. Парлумони мо бисёрњизбї буда, њукумат аксарияти парлумонї мебошад.

Љамъияти шањрвандї инкишоф меёбад, ВАО – и мустаќил фаъолият менамояд. Зиёда аз 18 њазор Ташкилотњои ѓайридавлатии соњањои гуногун кор мекунанд. Ќариб 2,5 њазор ВАО мебарояд, ки 90% -и онњо хусусианд.
Ќазоќистони имрўза ба маркази муњими байналхалќии муколимаи байнифарњангї ва байнимазњабї табдил гаштааст.
Мањз дар сарзамини мо чор Анљумани аввали роњбарони динњои љањонї ва анъанавї гузашт.
Дар асри XXI Ќазоќистон бояд пайвандгар ва пули муколима ва њамкории байни Шарќ ва Ѓарб гардад.
 
(3) РУШДИ ИЌТИСОД ДАР АСОСИ ИЌТИСОДИ БОЗАРГОНИИ ОЗОД БО ЉАЛБИ ВАСЕИ САРМОЯГУЗОРИИ ХОРИЉЇ ВА ЗАХИРАЊОИ ДОХИЛЇ. Мо дар назди хеш
вазифа гузошта будем, ки равнаќи воќеї, устувор ва бемайлони тараќќиётро ноил шавем. Ба мо муяссар шуд, то ин масъаларо дар муддати хеле кўтоњи таърихї њал намоем.
Дар «Стратегия-2030» кўшиш мањз ба рушди иќтисод равона карда шуда буд.
Дар натиља дар давоми 15 сол њаљми иќтисоди ватанї аз 1,7 триллион танга дар соли 1997 то 28 триллион танга дар соли 2011зиёд карда шуд.
Маљмўи Мањсулоти Дохила (ММД) бештар аз 16 маротиба афзуд. Аз соли 1999 инљониб ММД – и Ќазоќистон њар сола 7,6% зиёд шуда истодааст ва аз рўи ин нишондод аз мамлакатњои мутараќќии олам пеш гузашт.
ММД ба њар як сари ањолї бештар аз 7 маротиба афзун шуд – аз 1 500 доллари ИМА дар соли 1998 то 12 њазор доллари ИМА дар соли 2012 расид.
Ќазоќистон аз рўзи аввали ташкилшавї дар ИДМ аз рўи љалби сармоягузории хориљии мустаќим ба њар як сари ањолї дар љои якум меистод. Имрўз он 9200 доллари ИМА мебошад.
Мо тавонистем тиљорати хориљиро 12 маротиба, хаљми истењсоли мањсулоти саноатиро бошад, 20 маротиба зиёд намоем.
Дар давоми ин солњо истихрољи нафт 3 маротиба, гази табиї – 5 маротиба зиёд шуд. Даромади аз фурўши захирањои маводи хом ба даст омадаро мо ба Хазинаи миллї равона кардем.
Ин – сипари боэътимоди мо аз лаппишњои ѓайричашмдошти иќтисодї ва молиявї мебошад. Ин – кафолати бехатарии наслњои њозира ва оянда мебошад.
Дар дохили Лоињаи саноатикунонии босуръат аз соли 2010 инљониб 397 лоињаи сармоягузорї ба маблаѓи 1 797 миллиард танга амалї гаштааст ва бештар аз 44 њазор љои корї таъмин карда шудааст.

Дар давоми ду соли татбиќи лоињаи «Харитаи роњ – 2020» 225 лоиња тасдиќ карда шудааст, ки љалби 101,2 миллард тангаро дар назар дорад.
Имрўз мо – давлати мунтазам тараќќикунандаи дорои даромади миёнаи ањолї ва дорои иќтисоди мунтазам рушдкунанда мебошад.
 
4) САЛОМАТЇ, МАОРИФ ВА НЕКЎАХВОЛИИ ХАЛЌИ ЌАЗОЌИСТОН.
Ба куллї дигар кардани ањволи мардум ва бењтар кардани шароити зиндагонии онњо њаётан зарур буд. Натиљаи корњои ба љо оварда намоён аст.
Музди мењнати моњона 9,3 маротиба зиёд шуд. Миќдори миёнаи нафаќа бошад 10 маротиба афзуд.
Даромади воќеии пулии ањолї 16 маротиба зиёд карда шуд.
Њаљми маблаѓгузорї ба соњаи тандурустї њар сол зиёд карда мешавад. Агар соли 1999 ин маблаѓгузорї 46 миллиард тангаро ташкил дода бошад, соли 2011 – он ба 631 миллиард танга расид.
Гурўњи имтиёздори тибб ташкил карда шуд, ки ба он панљ соњаи инноватсионии тиббї шомил гаштааст: маркази офияти кўдакон, марказњои модар ва тифлони навзод, љарроњии асаб, ёрии таъљилии тиббї ва маркази амрози дил.
Дар њамаи минтаќањои кишвар барои гирифтани хизмати босифати тиббї шароит фароњам оварда шудааст.
Соњаи наќлиёти тиббї низ босуръат инкишоф дода мешавад, то ин ки њатто дурдасттарин минтаќањо бо хизмати тиббї таъмин карда шаванд.
Низоми миллии пешгирии амроз имконият медињад, ки беморињо дар марњилаи аввал пешгирї карда шаванд.
Таъмини бепул ва имтиёзноки доруворї љорї карда шудааст.
Дар 15 соли ахир адади ањолї аз 14 то таќрибан 17 миллион одам зиёд шуд. Дарозумрї то ба 70 сол расид.
Мо тадриљан ва бемайлон инкишофи маорифи дастрас ва босифатро љорї карда истодаем.
Татбиќи барномаи «Балапан» имкон дод, ки фарогирии кўдакон бо тањсилоти томактабї то 65,4% расад.
Тайёрии тањсилоти томактабии њатмї љорї гаштааст ва имрўз то 94,7% кудакони сини томактабї дар онњо тањсил мекунанд.
Аз соли 1997 дар љумњурї 942 мактаб сохта шуд, 758 касалхона ва дигар иншооти соњаи тандурустї сохта ба истифода дода шуд.
Мо шабакаи мактабњои зењнї ва коллељњои касбї – техникии сатњи љањониро васеъ менамоем. 

Дар давоми 12 сол адади грантњо барои гирифтани маълумоти олї 182% зиёд гашт.
Соли 1993 мо барномаи нодири «Болашак» - ро ќабул намуда будем, ки ба шарофати он 8 њазор љавонони болаёќат дар донишгоњњои бењтарини олам маълумоти кофї ва аъло гирифтанд.
Дар Остона донишгоњи илмї – тадќиќотї ташкил карда шудааст, ки аз рўйи стандартњои љањонї фаъолият мебарад.
 
5)    ЗАХИРАЊОИ ЭНЕРГЕТИКЇ. Маљмўи нафтугази Ќазоќистон пешоњанги тамоми иќтисоди кишвар мањсуб мешавад ва барои рушди дигар соњањо низ мусоидат менамояд.
Ба мо лозим буд, ки соњаи замонавї ва самараноки нафтугаз ва канданињои кўњиро ташкил намоем. Мо аз ўњдаи ин кор баромадем. Имрўз мо даромади аз фурўши маводи хом ба даст меомадаро барои барпо намудани иќтисоди оянда истифода мебарем.
Сањми соњаи нафтугаз дар Маљмўи Мањсулоти Дохилаи кишварамон торафт зиёд шуда истодааст, ки он аз 3,7% дар соли 1997 то 14,7% дар соли 2006 ва 25,8% дар соли 2011 афзун шуд.
Мо бозори фурўшро аз худ намуда, мавќеи худро дар он мустањкам намудем, ки он тобеиятро аз фурўши фаќат як намуди мањсулот кам менамояд.
 
(6) ИНФРАСОХТОР, ХУСУСИЯТИ НАЌЛИЁТ ВА АЛОЌА. Мо вазифа гузошта будем, ки инфрасохторро ривољ дињем. Мо аз ўњдаи ин кор њам баромадем. Дар давоми солњои гузашта бисёр иншооти калони стратегии саноатї, наќлиётї ва инфрасохтори зисти ањолї ба истифода супорида шуд. Ин – шоњроњњои автомобилї ва роњи оњан, ќубурњо, марказњои савдо, терминалњо, фурудгоњњо, вокзал, бандар ва њоказо мебошад.
Њамаи ин корњо ба бисёр ќазаќистонињо кор фароњам овард, моро ба муносибатњои хољагии минтаќавї ва глобалї ворид сохт.
Сол ба сол муштариёни соњаи телекоммуникатсионї зиёд шуда истодааст. Ин њам ба телефони муќаррарї, њам алоќаи мобилї ва њам Интернет алоќаманд мебошад.
«Њукумати электронї» њамкории шањрвандонро бо њукумат хеле осон намуд.
Дар давоми 11 соли охир барои рушди соњаи автомобилї 1 263,1 миллиард танга људо карда шуд. Дар давоми ин солњо зиёда аз 48 њазор километр роњи истифодаи умум сохта шуд ё таъмир гашта, ба истифода дода шуд, инчунин, 1 100 километр роњи оњан сохта шуд.
Дар ваќти њозира мо бо бунёди роњи мошингарди Аврупои Ѓарбї – Хитои Шарќї Роњи Абрешими Навро барќарор карда истодаем.

Мо роњи худро ба сўи Халиљи Форс ва Шарќи Бузург кушодем, ки он ба воситаи сохтани роњи оњани Узен –сарњади Туркманистон муяссар шуд. Бо сохтани роњи Коргас – Жетиген бошад, мо дарвозаи шарќиро кушодем ва роњро ба сўи бозорњои Хитой ва тамоми Осиё боз намудем. Мо, инчунин, ба сохтани роњи оњани Жезказган – Бейнеу шурўъ намудем.
 
(7)    ЊУКУМАТИ ЊИРФАЇ. Мо бояд ба таври нињої аз шакли роњбарии идорї – фармонфармої рањої ёфта, шакли нав, замонавї ва самараноки идораро бунёд мекардем. Низоми барпокардаи мо оид ба интихоб ва пешрафти кадрњо, ки дар он њама имкониятњои баробар доранд, барои таъмини сатњи баланди кори дастгоњи давлатї ва шаффофияти он имкон дод.
Ба мо муяссар гашт, ки ба таври худ инќилобе дар идораи давлатї барпо кунем ва самти кори дастгоњи давлатиро барои бењтар кардани хизмати давлатї ба ањолї равона созем.
Њамин тариќ, вазифањои асосие, ки Стратегия – 2030 гузошта буд, иљро шуданд, дигарњояш бошанд, дар њолати иљро мебошанд.
 
***
 
Имрўз њар яки мо гуфта метавонад, ки: «Стратегия – 2030» муваффаќ гашт, Ќазоќистони њозира ташаккул ёфт. Ин натиљаи муттањидии мо, мењнати пурмашаќќат ва ранљи мост, амалї шудани орзую омоли мост».
Мо њамаамон аз дастовардњои худ ифтихор дорем.
Бўњрони љањонї тасдиќ кард, ки мо њамчун давлат ва љамъият ташаккул ёфтаем. Сарњадњои мо, низоми сиёсии мо, модели иќтисодии мо на дар дохили кишвар, на дар хориљи он дигар љои бањси љиддї надорад.
Акнун дар назди мо вазифаи нав меистад. Мо бояд самти тараќќиёти минбаъдаро дар ояндаи дур вусъат бахшем.
 

II. Дањ талаботи глобалии асри XXI
Дар замони њозира инсоният бо талаботњои нави глобалї рў ба рў мешавад.
Дар давлати мо ва дар минтаќа ман дањ талаботи асосиро ќайд мекунам. Агар мо наќша дошта бошем, ки дар оянда низ ба муваффаќиятњо ноил шавем, мо бояд њар кадоми ин талаботро ба инобат гирем.
 
Талаботи аввал – тезшавии ваќти таърихї
Ваќти таърихї бошиддат тез шуда истодааст. Љањон босуръат дигар шуда истодааст ва суръати таѓйиротњои ба амаломаистода касро ба њаяљон меорад.
Дар давоми 60 соли охир шумораи ањолии курраи Замин се маротиба зиёд шуда, соли 2050 ба 9 миллиард одам мерасад. Дар ин муддат Маљмўи Мањсулоти Дохилаи љањонї 9 маротиба афзуд.
Тезшавии љараёни таърихии љањон дар њама замон барои њамаи давлатњо имкониятњои бепоён фароњам меорад, ва ман фахр менамоям, ки мо аз ин имкониятњо ба пуррагї истифода кардем.
Дар давоми каме бештар аз бист сол мо азнавсозии њамаи соњањои зиндагии љамъиятро бо суръати нињоят баланд ба анљом расонидем. Мо ин корро дар муддате анљом додем, ки барои баъзе дигар давлатњо 100 ва њатто 150 сол даркор буд.
Вале њоло њам мо гурўњњои иљтимоие дорем, ки то њанўз ба раванди умумии азнавшавї дохил нашудаанд. Ин сабабњои воќеии худро дорад. Дар љамъияти мо то њол баъзе нобаробарињо дида мешавад, ки ба њолати рўњии инсон ва умедвории ў таъсири манфї мерасонад.
Мо бояд ин нобаробарињоро бартараф намуда, ба њамаи табаќањои љамъият имконият дињем, то њамаи онњо ба раванди азнавшавї дохил шуда, аз имкониятњои фароњамовардаи масири сиёсї бањравар шаванд ва љои худро дар љамъият ёбанд.
 
Талаботи дуюм –нобаробарии глобалии демографї
Рўз ба рўз нобаробарии глобалии демографї тезутунд шуда истодааст. Тамоюли љањонї – ин пиршавии инсоният аст. Баъди 40 сол шумораи одамони синнашон аз шаст боло аз одамони аз 15 поён зиёдтар мешавад. Таваллудшавии кам ва пиршавии инсоният дар бисёр давлатњо ногузир дар бозори мењнат душворињоро ба вуљуд меорад, аз љумла, норасоии захирањои мењнатиро.
Нобаробарии демографии зиёдшаванда мављњои њиљратии навро ба байн меорад ва шиддати иљтимоиро дар тамоми љањон тезутунд мекунад.
Мо, дар Ќазоќистон, бо фишори њиљратї дар баъзе минтаќањо рў ба рў мешавем, ки муњољирони мењнатии ѓайриќонунї бозорњои мењнатии мањаллиро носозгор менамоянд.

Мо инчунин бояд фањмем, ки, мумкин аст, дар ояндаи наздик бо масъалаи дигар – њиљрати мењнатї ба хориљи давлати худ вохўрем.
Мо –  миллати  љавон  њастем.  Синни  миёна  дар  мамлакати  мо  35 солро  ташкил  мекунад. Ин барои нигоњ доштани иќтидори инсонї ба мо имкониятњои бузургро фароњам меорад, то љои худро дар љањон муайян намоем. Имрўз мо барои ба пеш њаракат кардан тањкурсии хубе дорем.
Дар давлати мо кор њаст ва њар як хоњишманд барои худ кореро пайдо карда метавонад. Бар замми ин дар давлати мо њар кас имконият дорад барои худ љои кор фароњам созад, худаш худашро парасторї намояд. Ин дастоварди бузурги мост.
Ман Шумоёнро ба сўи Љамъияти Мењнати Умум мебарам, ки дар он бекорон на танњо имдодпулї мегиранд, балки ихтисосњои навро аз худ месозанд, одамоне, ки имконияташон мањдуд аст, фаъолияти эљодкорона мебаранд, корхонаю ташкилот бошанд, ба онњо шароити кор фароњам меоранд.
Љавонони мо бояд тањсил намоянд, донишњои навро андўзанд, малакањои бештар пайдо намоянд, дониш ва малакаашонро дар њаёти њаррўза моњирона ва самаранок истифода баранд. Мо бояд барои ин њамаи имкониятњоро омода созем, бояд шароити мусоид муњайё созем.
 
Талаботи сеюм – тањдиди глобалии бехатарии озуќавї
Суръати баланди зиёдшавии ањолии замин масъалаи озуќавориро бенињоят шадид мегардонад.
Аллакай имрўз дар љањон дањњо миллион нафар гуруснагї мекашанд, ќариб як миллиард нафар ба таври доимї норасоии озуќаро эњсос менамояд. Бе таѓйироти куллї дар истењсоли маводи ѓизої, ин арќоми дањшатовар фаќат зиёд мешаванд.
Дар чунин талабот мо имкониятњои бузург дорем.
Мо аллакай њозир дар ќатори бузургтарин содироткунандањои ѓалладона њастем.Мо дорои масоњатњои бузурги тозаи экологї њастем ва ќудрати истењсоли маводи ѓизоии аз љињати экологї тозаро дорем.
Мо метавонем барои сифатан бењтар кардани истењсолоти кишоварзї љањише намоем. Барои ин ба мо тафаккури нави давлатї лозим аст.
 
Талаботи чорум – норасоии шадиди об
Захирањои обии љањон дар зери фишори сахт њастанд.
Дар давоми 60 соли охир истеъмоли об 8 маротиба афзудааст. То миёнањои садсола бисёр давлатњо маљбур мешаванд обро аз хориљ ворид созанд.

Об – ин захираи бенињоят мањдуд мебошад, мубориза барои соњиб шудан ба сарчашмањои об  аллакай омили асосии геополитикї ва сабаби асосии нооромию низоъњо гаштааст.
Масъалаи таъмини об дар кишвари мо низ бисёр шадид аст. Ба мо оби нўшокии босифат намерасад. Як ќатор минтаќањои мо аз норасоии об азият мекашанд.
Љињати геополитики ин масъала низ вуљуд дорад. Мо аллакай дар ваќти њозира бо мушкилии љиддии истифодаи захирањои обии дарёњои сарњадї дучор шудаем. Њар ќадар ин масъала душвор набошад њам, мо набояд ба ин масъала тобиши сиёсї дињем.
 
Талаботи панљум –бехатарии  глобалии энергетикї
Њамаи давлатњои мутараќќї сармоягузориро ба технологияњои энергияи алтернативї ва
«сабз», яъне бехатар зиёд карда истодаанд.
Эњтимол њаст, ки аллакай то соли 2050 ќариб 50% барќ аз истифодаи ин технологияњо истењол шавад.
Зоњиран, давраи иќтисоди карбогидратњо тадриљан ба охир расида истодааст.
Давраи нав наздик шуда истодааст, ки дар он инсоният дар фаъолияти худ на танњо ба истифодаи нафту газ, балки ба сарчашмањои барќароршавандаи энергия эътимод намояд.
Ќазоќистон яке аз унсурњои асосии бехатарии  глобалии энергетикї мебошад.
Давлати мо, ки дорои захирањои бузурги нафту газ мебошад, заррае њам аз сиёсати шарики стратегї ва њамкории муфиди байналмилалї дар соњаи энергетика, дур намешавад.
 
Талаботи шашум –тамомшавии сарватњои табиї
Дар шароити мањдудият ва тамомшавии сарватњои табиии Замин ва зиёд шудани бењамтои истеъмол дар таърихи инсоният, равандњои њарљонибаи њам мусбї ва њам манфї пайдо мешаванд.
Давлати мо дар ин љо якчанд бартарият дорад. Худованд ба мо сарватњои табиии бисёр додааст. Ин сарватњо ба дигар давлатњо ва халќњо даркор мешаванд.
Мо бояд муносибати худро ба сарватњои табиии худ ба таври куллї дигар намоем. Мо бояд дуруст идора кардани онњоро ёд гирем, даромади аз фурўши онњо ба даст меомадаро дар хазина љамъ намоем ва, аз њама муњимаш, ба таври самаранок сарватњои табиии худро ба рушди иќтисодии устувор табдил гардонем.
 
Талаботи њафтум – Инќилоби сеюми саноатї
Инсоният дар арафаи Инќилоби сеюми саноатї меистад, ки он худи мафњуми истењсолотро дигар мекунад. Кашфиётњои технологї сохт ва ниёзи бозорњои љањониро љиддан дигаргун месозад. Мо дар муњити технологии аз замони пешин тамоман дигар зиндагї карда истодаем.

Нанотехнологияњо ва технологияњои раќамї, техникаи робот, тибби барќароркунанда ва бисёр дастоварду ихтироъњои илми муосир њаќиќати воќеии њаррўза шуда, на фаќат муњити атроф, балки инсонро њам таѓйир медињад.
Мо бояд иштирокчии фаъоли ин равандњо бошем.
 
Талаботи њаштум – зиёдшавии ноустувории иљтимої
Дар замони њозира яке аз масъалањои бузурги љањонї – ин зиёдшавии ноустувории иљтимої мебошад. Сабаби асосии он – нобаробарии иљтимоист.
Имрўз дар олам ќариб дусад миллион нафар одам љои кор ёфта наметавонад. Њатто дар Иттињоди Аврупо бекорї дар дањсолаи охир бенињоят зиёд шудааст ва бетартибињои зиёдро ба вуљуд овардааст.
Дар ин ќиёс, бояд эътироф намуд, ки вазъият дар Ќазоќистон хеле бахайр менамояд. Имрўз дар давлати мо дараљаи бекорї дар таърихи навин сатњи хеле паст дорад. Ин,
бешубња, дастоварди бузургест. Бо вуљуди ин мо набояд табли шодї занем.
Бўњрони глобалии иќтисодї, ки тадриљан ба бўњрони иљтимої – сиёсї мегузарад, ногузир ба Ќазоќистон фишор меорад, матонати моро имтињон менамояд.
Барои њамин њам ба мадди аввали рўз масъалаи бехатарї ва суботи иљтимої мебарояд. Вазифаи муњими мо – тањким бахшидани бехатарии иљтимоии љамъияти мо мебошад.
 
Талаботи нуњум –бўњрони арзишњои маънавии тамаддуни мо
Љањон бўњрони шадиди љањонбинї ва маънавиро аз сар гузаронида истодааст. Овозњое садо дода мешаванд, ки гўё тамаддунњо ба њамдигар бармехўранд, таърих тамом мешавад, омезиши фарњангї хотима ёфт.
Ба мо нињоят зарур аст, ки ба чунин бањсу мунозирањо дода нашавем ва арзишњои солњо инљониб санљидашударо аз даст надињем. Мо дар таљрибаи худ дидем, ки он чиро, ки љои сусттарини мо меномиданд – бисёрмиллат ва бисёрмазњабиро мо тавонистем ба фоидаи худ баргардонем.
Мо бояд зиндагиро дар муњити њамзистии фарњангњо ва мазњабњо омўзем. Мо бояд тарафдори муколимаи фарњанг ва тамаддунњо бошем.
Фаќат дар муколима бо намояндагони дигар миллатњо мо метавонем дар оянда ба муваффаќият ва нуфуз ноил шавем. Ќазоќистон дар асри XXI бояд мавќеи ба даст овардаи пешвои минтаќаро боз њам ќавитар созад ва пайвандгари муколима ва њамкории Шарќу Ѓарб гардад.

Талаботи дањум – тањдиди нави ноустувории љањонї
Њамаи мо дида истодаем, ки дар љањон чїрўй дода истодааст. Ин хурўши нави бўњрон набуда, балки давоми бўњрони солњои 2007-2009 мебошад, ки иќтисоди љањонї аз он њоло њам набаромадааст.
Низоми иќтисодии љањонї метавонад аллакай дар солњои 2013-2014 нуќс пайдо карда, аз љумла, метавонад нархи маводи хомро ба поён оварад. Барои мо чунин ранг гирифтани њодиса бенињоят нохоњам хоњад буд.
Дар њолати ихтисори хариди маводи хом аз тарафи Иттињоди Аврупо ва/ё ИМА, метавонад талаботи давлатњои мутараќќиро дар бозори љањонии маводи хом хеле кам кунад.
Агар аќаллан як давлати Иттињоди Аврупо ба беќурбї дучор ояд, он метавонад аз рўи
«эффекти домино» дигарњоро низ аз паси худ кашида, захирањои байналхалќии моро зери хатар гузорад ва истиќрори содироти моро халалдор намояд.
Ихтисоршавии захирањои асъор ба ќурби асъор таъсири худро мерасонад ва ба таваррум меоварад, ки он дар навбати худ ба вазъияти иљтимої – иќтисодї таъсири манфї мерасонад.
Вобаста ба ин вазъият, мо бояд масири боандеша, мувофиќ ва якљоя бо њамаи шохањои њукумат интихоб намоем, то ба њамаи таѓйиротњои вазъияти љањонї тайёр бошем.

 
III.Стратегияи «Ќазоќистон-2050» - Роњи нави сиёсї барои Ќазоќистони нав дар њолати тез дигаргун гаштани шароити таърихї
 
Мўњтарам ќазоќистонињо!Њамватанони азиз!
 
Барномаи вазифањое, ки бояд њаллу фасл намоем, сифатан таѓйир ёфтааст.
Барои ќабул гаштани вазифањои навин, чорчўбаи Стратегияи-2030 кифоя нест. Барои мо зарур аст, ки уфуќи наќшакашии худро мисли 15 сол ќабл васеъ намоем ва ќадами устувор бањри љањонбинии навин гузорем.
Пеш аз њама, Ќазоќистон – давлати њозиразамон аст. Љомеаи мо ба дараљаи комил рушд ёфтааст. Бинобар ин, барномаи вазифањои имрўза аз барномањои марњилањои ташаккулёбии давлат фарќ дорад.
Характер ва сатњи таѓйироти љањонї, вобастагии љањонишавї рушди устувор ва дарозмўњлатро талаб менамояд. Кишварњои зиёд кўшиши ба солњои баъд аз 2030 – 50 назар кардан доранд. «Пешгўии идорашаванда» дар шароити ноустувори имрўза чун воситаи муњими рушди давлат арзёбї мегардад.
Дуюм, Стратегияи «Ќазоќистон-2030» дар марњилаи ташаккулёбии давлатдории мо тањия шуда буд. Аз рўи нишондодњои асосї он аллакай иљро шудааст.
Сеюм, мо бо мушкилот ва тањдидњое рў ба рў шудаем, ки аз њаќиќати имрўза бармеоянд. Онњо характери куллро доранд ва ба тамоми кишварњо ва минтаќањо тааллуќ доранд.
Ваќте, ки Стратегии «Ќазоќистон-2030» тањия мегардид, сатњ ва миќёси хеле гарон доштани бўњрони љањонии молиявию иќтисодиро касе намедонист, ва намедонист, ки дар натиљаи он шароити пешгўинашавандаи иќтисодию геополитикї ба миён меояд.
Стратегияи-2030 соли 1997 чун њуљљати кушода тањия шуда буд. Сараввал мо дар он имконоти тањрирро љой дода будем.
Таѓйирёбии муњити љањониро дарк намуда, мефањмем, ки њаёт таѓйироти худро ворид менамояд, бинобар ин, мувофиќи супориши ман гурўњи корї таъсис дода шуд ва он њолати имрўзаи мо ва имконоти стратегиро дар шароити нав мавриди омўзиш ќарор додаааст.
Бо дарназардошти чунин тадќиќот, шоњроњи нави рушди сиёсиро то соли 2050 пешнињод менамоям, ки дар доираи он татбиќи вазифањои Стратегия-2030 идома хоњад ёфт. Мо бояд амиќ дарк намоем, ки ваќт ва шароит ба наќшањои мо таѓйирот ворид хоњад кард, чуноне, ки бо барномаи «Ќазоќистон-2030» рух дода буд.
2050 сол – ин таърихи танњо рамзї нест.

Ин мўњлати воќеие њаст, ки љомеаи љањониро роњнамо аст.


Созмони Миллали Муттањид пешгўии глобалии рушди тамаддунњоро то соли 2050 тањия намудааст.
Чунин Њисоботи пешгўикунандаи то соли 2050 аз љониби Ташкилоти Умумиљањонии Озуќа интишор шудааст.
Дар њоли њозир бисьёр кишварњои дунё чунин стратегияњои дарозмўњлатро тањия ва ќабул менамоянд. Хитой барои худ чунин як уфуќи банаќшагирии стратегиро муайян намудааст.
Њатто ширкатњои калони байналмилалї низ стратегияи пешгўикунандаи рушдро барои ним асри минбаъда тањия менамоянд.
Якуним дањсолаи ќабл, ваќте «Стратегия-2030» ќабул гардида буд, насли навраси ќазоќистонињо, ки он давра таваллуд шуда буданд, ќадами аввали худро ба мактаб менињоданд.
Имрўз онњо, ё фаъолияти мењнатї доранд, ва ё хониши худро дар мактабњои олї ба итмом мерасонанд.
Ва баъд аз се-чор сол насли дуюми давраи истиќлол арзи њастї менамояд.
Бинобар ин, аз имрўз эътиборан, мо бояд дар бораи самтњои дурусти рушди минбаъда фикр кунем.
Маќсади асосии мо то соли 2050 ба рўйхати 30 давлати абарќудрати љањон дохил шудан мебошад.
Мувваффаќиятњои мо ва модели Ќазоќистонии рушд бояд асоси шоњроњи нави сиёсї гардад.
Стратегияи Ќазоќистон-2050 – ин рушди муназзами Стратегияи Ќазоќистон-2030 дар марњилаи навин аст. Ин љавоб ба саволе аст, ки куљо равона њастем ва дар соли 2050 куљо хоњем буд. Боварї дорам, ки насли навраси имрўза ба чунин савол љавоб интизоранд.
Бинобар ин, лоињаи шоњроњи нави рушдро то соли 2050 пешнињод менамоям. Ин паёми ман ба мардуми Ќазоќистон хоњад буд.

 
***
 
Куљо равона њастем?
 
Казоќистон то соли 2050 дар рўйхати сї давлати абарќудрати љањон бояд ќарор дошта бошад.

Байни давлатњои тараќќикардаистода мубориза барои ишѓол намудани чунин маќом пуршиддат хоњад буд. Миллат барои чунин муборизаи иќтисодии глобалї бояд тайёр бошад ва бояд дарк намояд, ки чунин љои зери офтоб фаќат барои тавонтарин кафолат дода мешавад.

Мо бояд маќсаднок ва рўњбаландона кор кунем ва маќсадњои авввалдараљаи худро аз мадди назар дур нанамоем:

• Рушд ва тањкими минбаъдаи давлатдорї.
• Гузариш ба принсипњои нави сиёсати иќтисодї.
• Дастгирии њамаљонибаи соњибкорї – чун ќувваи пешбарандаи иќтисоди миллї.
• Ташаккули модели нави иљтимоиёт.
• Созмондињии низоми нав ва самарабахши маориф ва тандурустї.
• Баланд бардоштани сатњи масъулият, самаранокї ва функсионалии дастгоњи давлатї.
• Ташаккули сиёсати мудофиаи ба хатари байналхалќї мувофиќ.
Имрўз ман њамчунин вазифањои авввалиндараљаи соли 2013-ро номбар менамоям, ки оѓози бомуваффаќияти Шоњроњи нави – 2050-ро таъмин менамояд.
Мувофиќи чунин вазифањо Њукуматро зарур аст, ки Наќшаи умумимиллии фаъолиятро барои соли 2013 тањия намояд.
Ин њуљљати муњим бояд супоришњои мушаххасро дар бар гирифта бошад ва масъулияти шахсии роњбарияти њокимияти иљроия, ќонунгузор ва судиро пешбинї намояд. Маъмурияти Президент назорати тањия ва татбиќи минбаъдаи онро бояд ба дўш дошта бошад.
Њоло мехостам назари худро оид ба самтњои асосии Стратегияи “Ќазоќистон-2050” баён намоям.
 
1. Самти нави сиёсати иќтисодї – иќтисоди фарогирандаи эътимоднок дар асоси принсипњои фоиданокї,  бозпасгардонии  сармоя  ва  раќобатнокї.
 
1.Иќтисоди фарогирандаи эътимоднок
Моњияти самти нави сиёсати иќтисодї - иќтисоди фарогирандаи эътимоднок. Амалан, ин шикасти назар ва услубњои имрўза аст.
Ин чи маъно дорад?
Якум. Ќабули тамоми ќарорњои иќтисодию идоравї бидуни истисно аз нигоњи фоиданокии иќтисодї ва манфиатњои дарозмуддат.
Дуюм. Муайян намудани равиши бозаргонї, ки Ќазоќистон метавонад дар он чун шарики баробарњуќуќ иштирок намояд. Созмони нуќтањои нави рушди иќтисодї.
Сеюм. Ташкили муњити мусоиди сармоягузорї бо маќсади тањкими нерўи иќтисодї, фоиданокї ва бозгашти сармоягузорї.
Чањорум. Ташкили бахши хусусии самаранок ва рушди њамкориии давлат ва соњибкории хусусї. Њавасмандгардонии давлатии содирот.

Сиёсати нави кадрї
Шарти асосии муваффаќияти сиёсати нави иќтисодї бояд бо кадрњо муайян шуда бошад. Барои ин мо бояд:
• Захирањои идоравиро такмил дињем, ки чунин имконотро мо дорем.
• Воситањои муосири менељмент ва принсипњои идораи корпоративии идораро дар бахши давлатї љорї намудан зарур аст.
• Њамзамон бояд аз таќсимоти байналхалќии мењнат манфиат њосил намоем, аз љумла љалби захирањои кадрии беруна љињати њаллу фасл намудани баъзе масъалањои самтњои нави барномањои тамвили хориљї. Мо бояд мутахассисони хориљии бењтаринро аз бозори озод интихоб намуда, ба кишвари худ ба кор даъват намоем.
• Истифодаи кадрњои идоравї бо дониш ва таљрибаи ѓании байналхалќї ба мо ду самара хоњад дод: мо на танњо менељменти истењсолии худро бозсозї менамоем, балки кадрњои ватании худро низ меомўзонем. Ин барои мо таљрибаи нав мебошад.
Ба тариќи принсипиалї зарур аст, ки ба тадриљ, марњила ба марњила, то соли 2050 њалли масъалањои зерин таъмин карда шавад:
Якум, сиёсати макроиќтисодии давлат бояд бозсозї карда шавад.
 
Сиёсати буљетї
• Мо бояд бо принсипи нави сиёсати буљетї муљањњаз шуда бошем – харољот танњо дар њудуди имконоти мављуда бояд сурат гирад ва касри буљет ба тариќи максималї кам гардад. Захирањо барои рўзи сахт бояд зиёд карда шавад ва ба мўњлати тўлонї таъмин карда шавад.
• Муносибат ба амалиёти буљетї-молиявї бояд ба мисли сармояи хусусї эњтиёткорона ва њамаљониба пухта бошад. Бо суханони дигар иброз намоем, набояд ягон тангаи буљетї бењуда харљ карда шавад.
• Буљети давлат бояд ба лоињањои миллии дарозмуддат ва самарабахш нигаронида шуда бошад, барои мисол, диверсификатсияи иќтисод ва рушди инфрасохторї.
Лоињањо барои маблаѓгузорї бояд ќатъиян аз нигоњи манфиатнокї ва самаранокї интихоб карда шаванд. Фаромўш набояд кард, ки объектњои муосиртарин њам муфид нахоњанд буд, агар онњо талаби маблаѓи иловагї барои нигоњдории минбаъда дошта бошанд, фоидаовар набошанд ва мушкилоти шањрвандони кишварро њал нанамоянд.
 
Сиёсати андоз
• Љорї намудани  рељаи мусоидаткунандаи  андоз барои  андозсупорандагоне,  ки дар соњаи истењсолот ва технологияи нав фаъолият доранд, зарур аст. Чунин кор оѓоз гардидааст.

Вазифаи  зеринро  мегузорам:  тафтиши  тамоми  имтиёзоти  андоз  ва  ба  тариќи  максималї самарабахш намудани онњо.
• Мо бояд сиёсати либерализатсияи андоз ва танзими маъмурияти гумрукиро анљом дињем. Њисоботи андозсупорї бояд содда ва њадди имкон кам карда шавад.
Мо бояд иштироккунандагони бозорро барои раќобат њавасманд гардонем, на барои љустуљўи роњњои насупоридани андоз.
• Амалан кам намудани назорати андоз бояд ба мањдудияти тамоси субъектњои хољагидор ва хадамоти андоз равона карда шавад. Дар панљсолаи наздик њама бояд ба рељаи онлайни њисоботсупории электронї гузаранд.
• Аз соли 2020 сар карда мо бояд таљрибаи ќарзи андозиро љорї намоем. Вазифаи асосї– њавасманд намудани фаъолияти маблаѓгузории соњибкорон аст.
• Сиёсати нави андоз бояд равиши иљтимої дошта бошад. Барои ин, аз соли 2015 сар карда, бояд љамъи чорабинињои њавасмандкунанда тањия карда шаванд, аз љумла, чорабинињое, ки таљрибаи аз андоз озод намудани ширкатњо ва шањрвандоне, ки маориф ва суѓуртаи тиббии худ, оила ва кормандони худро маблаѓгузорї менамоянд.
Хулоса, сиёсати андози минбаъда дар сатњи соњибкорї бояд рушди дохилиро њавасманд намуда, содироти миллиро дар бозори байналмилалї зиёд намояд, дар сатњи шањрвандон бошад, андўхт, захира ва маблаѓгузориро њавасманд намояд.
 
Сиёсати пулию ќарзї
• Вазъи ноустувори иќтисоди љањониро ба инобат гирифта, даромади њар ќазоќистониро бояд таъмин намоем ва сатњи зарурии таваррумро дар рушди иќтисод таъмин намоем. Ин на танњо масъалаи макроиќтисодї мебошад, балки ин масъалаи амнияти иљтимоии кишвар аст. Ин аст масъалаи асосии фаъолияти Бонки Миллї ва Њукумат, ки бояд аллакай аз соли 2013 оѓоз ёбад.
• Бонкњои ќазоќистонї дар навбати худ бояд вазифањои марбутаи худро иљро намоянд ва талаботи бахши воќеии иќтисодро дар захирањои ќарзї таъмин намоянд. Њамзамон назорати системаи молиявї набояд суст шуда бошад, бонкњоро аз ќарзњои шубњаовар тоза намуда, бевосита бо масъалањои зарурї машѓул шудан зарур аст. Барои ин, Бонки Миллї ва Њукуматро зарур аст, ки дар њамоњангсозї бо Маъмурияти Президент консепсияи ќарзиро тањия намоянд, ки он барои таъмини иќтисод бо захирањои зарурї равона карда шуда бошад.
 
Сиёсати идораи ќарзи давлатї ва беруна
• Сатњи ќарзи давлатии кишвар бояд тањти назорати доимии мо ќарор дошта бошад.

Касри буљет нисбат ба ММД бояд аз 2,1% дар соли 2013 то 1,5% дар соли 2015 паст карда шавад.
Ќарзи давлатї бояд дар сатњи мўътадил ќарор дошта бошад. Ин масъалаи принсипиалї аст, зеро бояд устувории буљети худ ва амнияти миллиро дар шароити ноустувори љањонї таъмин намоем.
• Сатњи ќарзи бахши иќтисоди назди давлат бояд зери назорати ќатъї ќарор бигирад.
 
Дуюм, ба тариќи принсипиалї муносибати мо ба рушди инфрасохторї бояд таѓйир ёбад.
Инфрасохтор бояд имконот барои рушди иќтисодиро васеъ намояд. Зарур аст, ки инфрасохтор дар ду самт тараќќї ёбад: интегратсияи иќтисоди миллї бо муњити глобалї, ва њамчунин њаракат ба сўи минтаќањои дохилии кишвар.
• Таваљљўњ ба хориљи кишвар бањри созмондињии объектњои истењсолию наќлиёти мантиќї берун аз њудуди Ќазоќистон бо њисоби даќиќи манфиатњо зарур мебошад. Мо бояд аз чорчўбаи мављудаи фањмиш берун оем ва корхонањои муштарак дар минтаќањо ва дар тамоми дунё – Аврупо, Осиё, Амрико таъсис дињем, барои мисол, бандарњо дар он кишварњое, ки роњњои бањрї ва чорроњаи наќлиётии минтаќавї бо нуќтањои транзитии љањонї доранд ва ѓайра. Бо чунин маќсад зарур аст, ки барномаи махсуси «Интегратсияи инфрасохтори глобалї» тањия карда шавад.
• Мо бояд нерўи транзитиро равнаќ дињем. Имрўз як ќатор лоињањои калони инфрасохтории миллї татбиќ мегардад, ки дар натиља њаљми боркашонии транзитї ба воситаи Ќазоќистон бояд то соли 2020 ду маротиб зиёд шавад. То соли 2050 ин раќам бояд 10 маротиба афзоиш ёбад.
• Њама ба як масъалаи асосї бояд тобеъ карда шавад – рушди содироти мо танњо ба он бозорњои љањонї равона бошад, ки ба мањсулот ва хизматрасонии мо талаботи дарозмуддат дошта бошад.
• Созмони инфрасохторї низ ба ќонуни фоиданокї бояд тобеъ бошад. Танњо дар он љо сохтмон оѓоз кардан мумкин аст, ки он ба таъсиси фаъолияти нав ва таъсиси љойњои нави корї мусоидат намояд.
• Љињати дастрасии минтаќањои дурдаст ва ё минтаќањои бо зичии нокифояи ањолї ва таъмин намудани онњо бо объектњои инфрасохтории аз нуќтаи назари иќтисод ва њаётан муњим, дар дохили кишвар бояд «марказњои инфрасохторї» таъсис дињем. Барои ин, таъмини созмони инфрасохтори пешрави системаи наќлиёт зарур аст.
• Ба Њукумат супориш медињам, ки дар соли 2013 барномаи рушди инфрасохтор тањия ва ќабул карда шавад.

 
Сеюм, модернизатсияи системаи идораи давлатии активњо.
Ќазоќистон – дар миќёси љањонї иќтисоди на чандон калон дорад. Ва бинобар ин, онро бояд хеле самаранок идора намуд. Кишвар бояд чун иттињодияи ягона кор кунад ва давлат бояд маркази он бошад.
Ќувваи тафаккури дастаљамъї дар он нињон аст, ки тамоми амалиёт  чун  ягонагии комил баррасї мегардад. Кормандони давлатии маќомоти гуногун бояд чунин коршиносї- тафаккурро ёд бигиранд.
Бори дигар такрор мекунам зарур аст, ки буљети давлат на танњо таќсимоти оддї бошад, балки он бояд маблаѓгузории оќилона ва њамаљониба њисобшуда бошад.
Омили асосии самаранокї – ин њаљми  фоида аз сармоягузорист. Њарќадар мо тезтар иќтидори саноати кишвари худро зиёд намоем, њамон ќадар тезтар Ќазоќистон бозингари баробарњуќуќи бозори љањонї мегардад, на замимаи он.
• «Пешоњанги» гузариш ба сиёсати нави иќтисодї бояд Фонди Миллї гардад. Пеш аз њама маблаѓњои Фонди Миллї бояд ба лоињањои стратегии дарозмуддат равона карда шаванд. Дар соли 2013 андўхти маблаѓњо ба Фонди миллї бояд идома дода шавад, аммо истифодаи ин маблаѓњо бояд оќилона ва самаранок сурат гирад.
• Давлат дар шахсияти ширкатњои миллї рушди иќтисоди ояндаро боназардошти бахшњое, ки дар натиљаи Инќилоби сеюми индустриалї пайдо хоњанд шуд, бояд њавасманд намояд. Саноати миллї бояд маводи композитсионии навтаринро, ки дар дохили кишвар истењсол мегардад, истифода намояд.
• Давлат бояд рушди нерўи транзитиро дар соњаи технологияњои иттилоотї њавасманд намояд. Дар соли 2030 мо бояд аз тариќи Ќазоќистон на камтар аз 2 - 3%-и гардиши љањонии иттилоотиро гузаронем. Соли 2050 ин раќам бояд њадди аќалл ду маротиб афзоиш ёбад.
• Њавасманд намудани ширкатњои хусусї барои маблаѓгузории гузаронидани тадќиќот ва инноватсия низ зарур аст. Махсус мехостам таъкид намоям: љорї намудани инноватсияњо зарур, аммо ин маќсади ягона нест. Манфиати воќеиро кишвар фаќат њамон ваќт ба даст оварда метавонад, ки технологияњои нави мо талабот дошта бошанд, ваќте ки он бозоргир аст. Дар акси њол инноватсия – харљи бењудаи пул мебошад.
• Таљрибаи дастгирии ширкатњои алоњида ва соњањои алоњидаро хотима додан зарур аст. Мо бояд соњањоеро дастгирї намоем, ки вазифањои муњими иљтимої ва стратегиро иљро менамоянд ва самаранокии худро собит намудаанд.

Чањорум, љорї намудани системаи ба тариќи принсипиалї нави идораи захирањои табиї зарур аст.
Мо захирањоро бояд чун бартарии стратегии Ќазоќистон бањри таъмин намудани рушди иќтисодї, созишномањои муњими сиёсат ва иќтисоди беруна истифода намоем:
• Имрўз, аллакай, њарчї зудтар барориши масолењи хом ба бозори љањонї, ки устувориро дар њолати бўњрони молиявї таъмин менамоянд, зарур аст. Шарикњои харидори асосии мо метавонанд хариди масолењи хомро хеле кам намоянд ва, дар ин сурат, нархњо метавонанд ногањон паст шаванд. Дар ин њолат стратегияи пешгўикунандаи мо метавонад то оѓози ноустувории бозорњо зуд маблаѓ андўхт намояд, ки он имкон медињад, то кишвари мо бўњрони глобалии имконпазирро   нисбатан осон паси сар намояд.
• Инќилоби технологї таркиби истеъмоли маводи хомро таѓйир медињад. Барои мисол, љорї намудани технологияњои композитивї ва навъњои нави бетон захираи маъдани оњан ва ангиштро таъмин менамояд. Ин боз як омилест, ки суръати коркард ва ба бозори љањонї пешнињод гаштани захирањои табииро барои истифода намудани талаботи калони љањонї ба манфиати кишвар метезонад.
• Њамчун бозингари бузурги маводи хоми карбогидрат дар бозори љањонї боќї монда, мо бояд истењсоли алтернативии намудњои энергияро равнаќ дињем, технологияе, ки аз нури офтоб ва бодро истифода менамояд, фаъолтар љорї намоем. Барои ин мо тамоми имконотро дорем. То соли 2050 энергияи дар асоси намудњои алтернативї ва барќароршавандаи истењсолшуда бояд њадди аќалл ними маљмўи истеъмоли энергияро ташкил намояд.
 
***
 
Агар миллат хоњад, ки баъд аз 35 сол аз сарватњои табиии худ истифода барад, њозир бояд тайёрї дид. Мо бояд стратегияи махсусро такмил дињем – авлавиятњо ва шариконро муайян созем, то ин ки њамаи корро аз аввал то ба охир барои њамаи ин солњо ба наќша бигирем, чи тавре, ки корхона ва иттињодияњои бузург кори худро ташкил мекунанд.
Инак дарси асосї аз таърихи худи мо: тайёрї ва гуфтушунидњоро аз рўи наќшаи Кашаган мо 20 сол пеш сар карда будем, фоидаашро бошад фаќат њозир гирифта истодаем.
Самтњои асосии такмили стратегия:
• Барои он ки минтаќањо барои љалб кардани сармоягузорї њавасманд бошанд, бояд манъи истихрољи канданињоро бекор кунем.
• Мо бояд аз содироти оддии маводи хом ба њамкорї дар соњаи коркарди маводи хом ва табдил ба технологияњои навтарин гузарем. То соли 2025 мо бояд бозори дохилии худро пурра бо маводи сўхт ва равѓанњои молидании љавобдињандаи стандартњои нави экологї таъмин намоем.

• Мо бояд сармоягузорони хориљиро фаќат ба шарти воридоти технологияњои нави истихрољ ва коркарди маводи хом ба кишвари мо, љалб намоем. Мо бояд ба сармоягузорон иљозат дињем, ки онњо сарватњои табиии моро фаќат ба ивази ворид кардани воситањои навтарини истењсолот дар мамлакати мо истихрољ ва истифода баранд.
• Ќазоќистон бояд дар минтаќа барои сармоягузорон њамчун оњанрабо шавад. Мамлакати мо бояд дар Авруосиё аз рўи сармогузорї ва воридоти воситањои истењсолот аз њама давлати љолиб шавад. Ин њаётан муњим аст. Мо бояд ба сармоягузорон афзалиятњои хешро нишон дињем.
• Њамаи корхонањои коркарди мавод фаќат воситањои истењсолоти аз нуќтаи назари экологї бехатарро ворид созанд.
Њамватанони муњтарам!
Барои манфиати ояндаи миллат ва бехатарии давлат мо бояд «захираи» стратегии маводи гидрокарбонатиро нигоњ дорем. Ин захираи стратегї тањкурсии бехатарии энергетикии кишвар хоњад шуд. Њамин тариќ мо боз як хатти дифоъ дар њолати изтироби эњтимолии иќтисодї бунёд мекунем.
 
 
***
 
Панљум, ба мо наќшаи марњилаи минбаъдаи саноатикунонї лозим аст.
Баъд аз ду сол панљсолаи якуми татбиќи барномаи саноатикунонии инноватсионии босуръат хотима меёбад.
Њукумат бояд наќшаи муфассали марњилаи минбаъдаи саноатикунониро кор карда барояд. Наќшаи тараќќиёти самтњои ояндадори технологии саноатикунонї лозим аст.
Дар натиља, нисбати содироти ѓайримаводи хом дар њаљми умумии содирот то соли 2025 ду баробар, то соли 2040 бошад, се баробар зиёд карда шавад.
 
Барои ин чїкор бояд кард?
• То соли 2050 Ќазоќистон тамоми истењсолоти худро мувофиќи навтарин талаботи стандартњои техникї бояд нав кунад.
Дар њамаи соњањои раќобатдор мо бояд стратегияе ќабул намоем, ки барои истењсолкунандаи ватанї љои махсуси мусоид људо карда шавад. Ин ба мо имконият медињад, ки аз таъсири манфии аз саноат дур шудан, хусусан, дар арафаи дохил шудан ба Созмони Тиљорати Байналхалќї рањої ёбем.
Моли ватанї бояд раќобатпазир бошад. Аз 1 январи соли 2012 марњилаи амалишавии ташкили Фазои ягонаи иќтисодї бо иштироки Ќазоќистон, Русия ва Белоруссия сар мешавад.

Ин бозори бузургест, ки Маљмўи Мањсулоти Дохилаи умумии он 2 триллион доллари ИМА– ро ташкил медињад, 170 миллион истеъмолкунандаро муттањид месозад ва ин бозор бояд ба мо раќобатро омўзад. Дар айни замон, дар ин раванди иќтисодї – инноватсионї Ќазоќистон набояд мустаќилияти худро гум кунад.
• Мо бояд саноати навро инкишоф дињем, ки ба соњаи ѓайримаводи хом такя намояд ва ба содирот равона карда шудааст.
• Мо бояд Барномаи давлатиро ба тараќќиёти босуръати саноат равона созем, ки воридоти корхонањои саноатї ва табдили технологияњо нигаронида шудааст. Барои инро амалї сохтан ба мо зербарномањои ташкил ва ривољи ширкатњои байналхалќии муштарак ва шарикњои ба кишвар фоиданок лозим аст.
• То соли 2030 Ќазоќистон бояд мавќеи худро дар бозори љањонии хадамоти кайњонї мустањкам созад ва баъзе лоињањои саркардаро бояд ба интињо расонад. Ман ин барномањоро дар назар дорам: маљмўи васл ва озмоиши таљњизоти кайњонии Остона, низоми кайњонии пармаи аз дур идора шаванда, низоми миллии мониторинги кайњонї ва инфрасохтори заминї, низоми даќиќи навигатсияи кайњонї. Инкишофи ду соњаи иноватсионї – Донишгоњи Назарбоев ва парки технологияњои инноватсиониро давом додан зарур аст. Мо бояд њарчї зудтар ба иќтисоди кам истифодабарандаи карбогидратњо гузарем.
Ман пешнињод менамоям, ки дар соли 2013 ташкилоти байналхалќии «Пайванди сабз» ташкил карда шавад ва, инчунин, татбиќи барномаи Green4 дар асоси чор шањри атрофи Алмаато сар карда шавад.
Намоишгоњи дарпешистодаи ЭКСПО – 2017 дар Остона барои роњи «сабзи» рушд бояд такони љиддие дињад. Дар пойтахтамон дастовардњои бењтарини илму техника намоиш дода мешавад. Бисёре аз ќазоќистонињо бо чашми хеш «энергияи ояндаро» хоњанд дид, ки он њадафи мост.
 
***
 
Њозир ман танњо масъалањои усулиеро, ки аз онњо тайёрии кишвар ба Инќилоби сеюми саноатї  вобастагї  дорад,  бардоштам.
 
Шашум, зарур аст, ки модеранизатсияи миќёсан бузурги соњаи кишоварзї сурат бигирад, алалхусус њоло, ки талаботи глобалї ба мањсулоти кишоварзї дар њоли афзудан аст.
 
Барои пешсаф шудан дар бозори љањонии мањсулот ва афзоиши мањсулоти кишоварзї ба мо зарур аст:
• Майдонњои киштро зиёд кунем. Ќайд мекунам, ки чунин имкониятро на њама кишварњо
доранд.

• Афзудани њосилнокї ба таври назаррас, ќабл аз њама аз њисоби истифодаи технологияњои нав.
• Мо барои ташкили базаи хўроки чорво иќтидори сатњи љањониро дорем.
• Мо бояд брендњои раќобапазирро бо дарназардошти экологї будани онњо ба вуљуд биоварем. Бинобар ин, ман дар назди Маљмўи агросаноатї вазифа мегузорам, ки дар тавлиди мањсулоти аз лињози экологї тоза бозингари сатњи љањонї шавад.
 
Рушди фермерї ва соњибкории хурду миёна дар коркарди мањсулоти кишоварзї ва тиљорат
 
Ин вазифаи асосї аст. Инљо моро зарур аст:
• Маданияти заминдориро таѓйир дода, онро бо дарназардошти дастовардњои нави технологї, идорї ва анъанањои чорводориамон барќарор кунем.
• Бояд муайян кунем, ки ба кадом намуди мањсулот афзалият медињем, то ки бозорњои
калони содиротиро аз худ кунем.
Дар натиљаи ин чорабинињо бояд сањми мањсулоти кишоварзї то соли 2050 дар ММД 5 баробар афзояд.
Дар соли 2013 аллакай ба Њукумат супориш дода шудааст:
• Барномаи рушди Маљмўи агросаноатии кишвар то соли 2020 ќабул карда шавад.
• То соли 2020 њаљми кўмаки бахши кишоварзї аз љониби давлат 4,5 баробар афзоиш дода шавад.
• Низоми њавасмандгардонї тавассути ќонунгузорї ва бахши иќтисодї  дар истењсолоти
соњаи кишоварзї, ки ба истифодаи агротехнологияњои навтарин равона карда шудааст, тањия гардад.
• Љорї кардани андозњои баланд ба заминњое, ки баъди пешнињод шуданашон дар
мўњлати муайяншуда истифода нагардиданд.
 
Њафтум, зарур аст, ки сиёсати нав нисбат ба захирањои обии кишвари мо тањия гардад.
 
Барои эњтиёљоти соњаи кишоварзї ба мо њаљми хеле калони об зарур аст. Вобаста ба ин мо бояд:
• Ба таври љиддї таљрибаи таъминот бо обро дар кишварњои дигар омўзем, масалан дарАвстралия. Таљрибаи мављударо мо бояд дар шароити худамон истифода намоем.
• Технологияњои навтарини истихрољи об ва истифодаи самараноки обњои зеризаминиро, ки дар кившари мо баѓоят бузург аст, љорї кунем.
• Дар  бахши  агросаноатї  бояд  ба  таври  иљмолї  ба  технологияњое,  ки  обро  сарфа
мекунанд, гузарем.

Зарур аст, ки дар маљмўъ тафаккури љомеаи худамонро таѓйир дињем. Мо бояд ба исрофи бењудаи обамон, ки яке аз сарватњои гаронбањои табиии мост, хотима бахшем.
Дар соли 2050 Ќазоќистон бояд барои њамеша масъалаи таъмини обро њал кунад. Бинобар ин, ба Њукумат супориш дода шудааст, ки барномаи дарозмуддати давлатиро дар ин бобат тањия кунад. Тибќи ин барнома бояд масъалаи таъмини об њалли худро марњила ба марњила ёбад. Дар марњилаи аввал, то соли 2020 бояд маъсалаи таъмини ањолї бо об њал гардад. Дар марњилаи дуюм бояд масъалаи обёрии заминњо дар Ќазоќистон њал шавад.
 
2. Ёрии њамаљонибаи соњибкорї, ки ќувваи асосии пешбарандаи иќтисоди миллї аст.
 
Соњибкорони ватанї ќувваи пешбарандаи сиёсати нави иќтисодї мебошанд. Сањми соњибкории хурду миёна дар иќтисод то соли 2030 бояд њадди аќалл ду баробар афзояд.
Аввалан, мо бояд шароите фароњам оварем, ки тибќи он инсон тавонад ќувваи худро дар соњибкорї санљад, имкон пайдо кунад, ки иштирокчии комилњуќуќи таѓйироти иќтисодие, ки дар кишвар сурат гирифта истодаад, гардад ва интизор нанишинад, ки ба љои вай давлат мушкилоташро њал мекунад.
Муњим аст, ки сатњи умумии фарњанги корї баланд бардошта шуда, зимни нишон додани ташаббус дар бахши соњибкорї њавасмандгардонї сурат бигирад.
Барои ин зарур аст:
• Кўшиши соњибкории хурду миёна барои муттањидшавиву кооператсиякунї тавсеа ёбад, бояд низоми кўмакрасонї ва њавасамандгардонї ташкил карда шавад.
• Бозори дохилї аз њисоби њавасмандгардонии ташаббусњои соњибкории мањаллї ва
танзими њадди аќал, вале устувор рушд дода шавад.
• Љорї кардани низоми устувор ва масъулият барои амалдорони давлатї, ки мамониатњои сунъї барои соњибкорї ба вуљуд меоранд, пешбинї гардад.
• Бо дарназардошти воќеиятњои нав, аз љумла ширкати мо дар Фазои ягонаи иќтисодї,
воридшавї ба Созмони Љањонии Тиљорат (СЉТ) механизмњои дастгирии соњибкорони ватанї такмил ёфта, бояд тамоми чорањои зарурї барои таъмини манфиатњои онњо дида шаванд. Вазифаи имрўз фароњам овардани шароити зарурї барои гузариши корхонањои хурд ва корхонањои шахсї ба ќатори корхонањои миёна мебошад.
Мутаассифона, дар њоли њозир каљравињо дар низоми андозбандии соњибкории хурду миёна барои рушду афзоиши онњо мамониат эљод мекунад. Бинобар ин, Њукуматро зарур аст, ки то охири соли 2013 ба ќонунгузорї таѓйирот ворид намуда, мафњумњои микро, соњибкории хурду миёна ва соњибкории калонро равшан кунад. Дар баробари ин, мо набояд сарбории соњибкории хурду миёнаро афзоиш дињем.

Ман ба Њукумат супориш медињам, ки то охири нимсолаи якуми соли 2013 тамоми иљозатномањо ва литсензияњоеро, ки мустаќиман ба амнияти њаёту фаъолияти шањрвандони Ќазоќистон таъсир намерасонанд, бекор кунанд ва ба љои онњо огоњинома љорї намоянд.
Дар заминаи ќонунгузорї бояд шароит фароњам оварда шавад, ки тибќи он худи соњибкорон масъалаи назорати сифати мол, кор ва хизматрасониро ба танзим дароранд. Мо бояд тартибии нави низоми њифзи њуќуќи истеъмолкунадагонро тањия карда, њар гуна низоми бисёрсатњаи ќабули ќарорњои судиро истисно кунем.
Дуюм, барои ба роњ мондани муколимаи боэътимод тибќи шартњои њамкорї миёни давлат ва шахс зарур аст, ки њамгироии соњибкорї идома дода шавад. Ин метавонад масъалаи фарогирии васеъ ва љалби њамаи соњибкоронро зимни татбиќи стратегияи нав њал намояд.
Тањлили таљрибаи байналмилалї нишон медињад, ки њамгироии соњибкорон дар палатањо яке аз омилњои муњимтарини самаранокии иќтисодї мебошад. Дар њар љое, ки ин амал сурат гирифтааст, принсипи «бизнеси боќувват-давлати боќувват» татбиќ гардидааст.
Њукумат њамроњ бо иттифоќи «Ата-мекен» модели консептуалии узвияти њатмиро дар Палатаи миллии соњибкорон тањия кардааст.
Модели номбурда имкон медињад, ки дар кори маорифи касбї –техникї, дастгирии њамаљонибаи соњибкорї, хусусан дар дењот ва шањрњои хурд, ва фаъолияти хориљї, ба Палатаи миллии соњибкорон, ки нав ташкил мешавад, салоњияти васеъ ва ба маќомоти давлатї имкони иловагї дода шавад.
Палатаи миллии соњибкорон њамкори боэътимод ва босалоњияти Њукумат мешавад.
Вобаста ба ин, ба Њукумат супориш дода шудааст, ки лоињаи ќонуни марбутаро тањия карда, дар семоњаи аввали соли оянда онро барои тасвиб ба Парламент пешнињод намояд.
Сеюм, давлат бояд наќши худро иваз кунад. Мо ба мављи дуюми хусусигардонии калонмиќёс зарурат дорем.
Ин ќадами осон нест, зеро маънои таќсими масъулият миёни давлат ва бозорро дорад. Вале мо бояд ин корро кунем, то ки суръати рушди баландро нигоњ дорем.
Бизнеси хусусї дар њама љо нисбат ба давлат самараноктар фаъолият мекунад. Барои њамин, мо бояд ба соњибкорон корхонањо ва хизматрасониењоро, ки хислати стратегї надоранд, супорем. Ин гоми усулї дар тањкими соњибкории ватанї мебошад.
Гоми нахустин дар ин роњ оѓози бомуваффаќи барномаи «IPO-и халќї» шуд. Ин дар навбати аввал, таќсими сарватњои миллї ба дасти худи халќ мебошад. ЉС «КазТрансОйл» дар бораи фурўши сањмия ба арзиши 28 миллиард танга эълон дод, вале аллакай худи њозир талабот нисбат ба ин пешнињодот ду баробар афзудааст.

 
3. Усулњои нави сиёсати иљтимої-кафолатњои иљтимої ва масъулияти шахсї.
 
Вазифаи асосии мо амнияти иљтимої ва некўањволии шањрвандон мебошад. Ин бењтарин кафолати вазъияти мўътадил дар љомеа аст.
Дар љомеаи мо талабот ба сиёсати иљтимоии самаранок, ки тавонад ба тањдидњои имрўз муќобилат кунад, афзуда истодааст.
Чунон ки таљрибаи љањонї нишон медињад, модели ягонаи сиёсати иљтимої вуљуд надорад. Њамчунин, мо ягон љомеаеро, ки дар он њамаи шањрвандонаш аз сиёсати иљтимоии мављуда розї бошанд, пайдо карда наметавонем.
Њалли масъалањои амнияти иљтимої ва некўањволии шањрвандон вазифаи мушкил ва хеле љиддї аст. Ин масъала ба њар як ќазоќистонї дахл дорад. Аз ин рў, дар ин маврид бархўрд бояд хеле санљидашуда бошад.
Ман мехоњам диди худро, ки мо бояд пайрави он бошем, иброз дорам. Бо дарназардошти ин дид, мо метавонем дар муносибати худ ба масъалаи адолати иљтимої ва таъмини иљтимої ислоњот ворид кунем.
 
Усулњои нави сиёсати иљтимої
 
Аввалан, давлат бояд, алалхусус, дар шароити бўњрони глобалї, ба шањрвандони худ стандарти њадди аќалли иљтимоиро кафолат дињад.
Вазифаи асосї роњ надодан ба афзоиши ќашшоќї аст. Ќашшоќї набояд дурнамои иљтимоии ягон ќазоќистонї шавад.
Мо бояд ба шањрвандони худ стандартњои њадди аќалли иљтимої ва кафолатњоеро, ки бояд мустаќиман аз афзоиши иќтисод ва буљет вобаста бошанд, муќаррар намоем.
Ба ин бояд шомил шавад:
• Ќабл аз њама, васеъ кардани рўйхати талаботи инфиродї ва ба он шомил намудани моддањо доир ба маориф ва тандурустї (аз љумла барои бекорон ва касоне, ки ќобили мењнат нестанд, ба маќсади бештар иљтимої гардондани онњо), хўроки босифат ва тарзи њаёти солим, ќонеъ гардондани талаботи зењнї, иттилоотї ва ѓ.
• Њисобу китоби талаботи шахс тибќи нархњои воќеї (такмили бахши омор дар кишвар
зарур аст).
• Баланд бардоштани сифати стандарти зиндагї марњила ба марњила ва вобаста ба афзоиши иќтисод.
Риояи ин стандартњо бояд њаљми маблаѓгузории тамоми бахшњои иљтимоиро аз буљет муайян кунад. Ин имкон медињад, ки равандњои буљетї шаффоф гашта, маблаѓњои људошудаи мо ба суроѓањои мушаххас мустањкамтар гардад.

Ба Њукумат супориш дода шудааст, ки чунин ќонунро тањия кунад.
Дуюм, давлат бояд танњо ба њамон гурўњњое ёрї расонад, ки онњо ба кўмак эњтиёљ доранд. Барои ин чї кор кардан зарур аст?
• Давлат барои ёрї ба ањолии ниёзманд пурра масъул мешавад, яъне ба бознишастагон,
маъюбон, касони корношоям, ба кўдакони бемор ва ѓ.
• Зарур аст, ки низоми таъминоти иљтимої ва бознишастагї доим такмил дода шавад, манфиатњои модару кўдакро њамаљониба њифз мекунад.
• Мо бояд барномањои омўзишї ва бозомўзии бекоронро вобаста ба талаботи бозор тањия
намоем. Давлат бояд ба бекорон ёрии иљтимоиро танњо дар њолате расонад, ки онњо ба сафи бекорон афтида, ихтисосњои навро ёд мегиранд ва ба бозомўзї машѓул мешаванд.
• Муњим аст, ки шароите фароњам оварда шавад, ки дар натиљаи он корфармоён ба таври
фаъол ќишрњои осебпазири љомеаро ба шуѓл љалб намуда, онњоро бо маош таъмин кунанд. Ќабл аз њама, ин ба одамоне дахл дорад, ки имкониятњояшон мањдуд мебошанд.
Дар кишварњои пешрафтаи љањон чунин рафтор мекунанд. Мо бояд барои фаъолияти мукаммали кории онњо шароит ба вуљуд оварем. Бояд ёрии давлатї танњо ба касоне расонда шавад, ки воќеан кор карда наметавонанд. Он ширкатњо ва иттињодияњое, ки маъюбонро ба кор гирифта, барояшон шароит фароњам меоваранд, бояд ќадр карда шаванд.
 
Сеюм, мо бояд таваљљўњи худро ба њалли масъалањои иљтимої ва вайрон шудани тавозун дар рушди минтаќањо равона кунем. Њоло фосилаи калон дар сатњи даромаднокии ањолї вуљуд дорад.
 
(1)   Пеш аз њама зарур аст, ки њамоњангсозии фаъолияти нињодњои давлатї дар рушди минтаќањо тањким дода шавад.
Вазифа ин аст, ки татбиќи тамоми барномањои давлатї дар соњањо бо њалли масъалањои афзалиятноки рушди минтаќањо вобаста карда шавад.
Ба Њукумат зарур аст, ки аллакай дар нимаи якуми соли 2013 номгўи лоињањои зарурї ва ояндадорро дар минтаќањо муайян кунад.
(2) Дар тўли соли гузашта, мо татбиќи барномаи рушди шањрњои хурдро шурўъ кардем. Захирањои зиёде барои ба вуљуд овардани љойњои корї, њалли масъалањои иљтимоии ањолї, такмили кори муассисањо равона карда шуданд.
Мо сатњи сифати бахшњои идориро дар мањалњо баланд мебардорем. Ин кор зери назорати шахсии ман ќарор дорад.
Дар баробари ин, мо ба механизмњои нави самараноки баробарсозии шароити иќтисодиву иљтимої дар мањалњо зарурат дорем.

Ба Њукумат супориш медињам, ки њамроњ бо њокимони вилоятњо дар соли 2013 барномаи рушди шањрњои хурдро ќабул кунад. Ин бояд барномаи дарозмуддат бошад ва дар заминаи он бояд як ќатор шањрњои саноатї сохта шаванд. Вазифаи онњо ибоат аст аз мусоидат кардан ба системаи тахассусњои соњавї дар минтаќањо, мубаддал шудан ба шањрњои саноатї ва истењсолї ва, дар нињояти кор, баланд бардоштани сатњи некўањволии мардумони мањалњо ва таъмини љавонони дењот бо љойњои корї.
(3)Мо дар маљмўъ бояд барои њалли комплексии муњољират, ки дар бозори кори минтаќањо ба миён меоянд, чорањо биандешем.
Зарур аст, ки аз болои мављи муњољират, ки аз кишварњои њамсоя ба сўи мо њаракат мекунад, назорати ќатъї барем.
Ба сифати вазифа дар оянда моро зарур аст, ки шароити мусоид барои кадрњои баландихтисос ба вуљуд оварем, то пеши роњи беш аз њад зиёд муњољират кардани онњоро ба бозорњои кори хориљї бигирем.
Њукумат дар соли 2013 бояд наќшаи умумиеро барои њалли масъалањои муњољират тањия ва тасдиќ кунад.
(4)   Бояд таваљљўњи хосса ба ноњияњои наздимарзї дода шавад, зеро иќтидори онњо то њол ошкор нашудааст. Зарур аст, ки ин минтаќањо барои зиндагї љолибтар карда шаванд. Ба Њукумат зарур аст, ки њамроњ бо њокимњо дар соли 2013 маљмўи чорабинињои иловагиро барои рушди ноњияњои наздимарзї тањия намоянд.
 
Чорум, мо бояд сиёсати таъмини ањолиро бо љойњои корї ва маош аз нав созем.
(1) Тањдиди асосии номўътадилї дар љањон рушди бекорї аст. Таъмин бо љойњои кориро њамаи барномањои давлативу соњавї, ки дар кишвар татбиќ мешаванд, бояд кафолат дињанд.
Ба ин хотир, дар соли 2013 ба Њукумат ва њокимон супориш медињам:
- Њамаи барномањои вобаста ба рушди соњибкорї ва кўмакрасонї ба соњибкорї, ки ќаблан ќабул шуда буданд, њамоњанг шаванд.
-   Тартиби људо кардани маблаѓњои буљетї ба минтаќањое, ки бекорони зиёд ва шахсони маоши пастгиранда доранд, тањия карда шавад. Масъулият барои ин барномаи таљдидшударо ман ба зиммаи шахсии сарвазир ва њокимон вомегузорам.
(2) Ним сол ќабл баъди интишори маќолаи ман «Модернизатсияи иљтимої ва 20 ќадам ба Љомеаи Мењнати Умумї» тањияи Ќонун «Дар бораи иттифоќњои касаба ва танзими фаъолияти мењнатї» шурўъ шуд.
Маќсади мо ташаккули модели комилан нави муносибатњои мењнатист, ки ёрии соњибкоронро бо дарназардошти манфиатњои коргарон дар бар мегирад.

Зарур аст, ки ќабули ин ќонун тезонда шавад, то ки он зудтар ба эътибор даромада, манфиатњои њамаи коргаронро њимоя кунад.


(3)Ба Њукумат зарур аст, ки барои тањияи масъалаи маош ва коњиш додани нобаробарї дар ин замина чорањои комилан нав бубинад.
 
 
***
 
Муњимтарин бахши сиёсати иљтимоиро дар марњилаи нав ман њифзи модару кўдакро эълон мекунам.
 
Њифзи модарон. Мурољиат ба занон.
Барои давлат, инчунин шахсан барои ман, модар ѓамхори махсус аст.
 
Занони мўњтарам!
Шумо такягоњи оила, яъне такягоњи давлат њастед.
Ин ки оянда кишвари мо чї хел мешавад, аз њама бештар вобаста ба он аст, ки мо чї гуна фарзандонамонро тарбия мекунем.
Пеш аз њама зарур аст, ки ба тарбияи духтарони мо таваљљўњи зиёд бидињем. Мањз онњо - занони оянда, модарони оянда, њифзкунандаи оила ва хонадон мебошанд.
Ќазоќистон давлати дунявї аст. Шањрвандонро бо озодии виљдон таъмин намуда, давлат сарфи назар аз ин, ба кўшишњои худсарона барои бор кардани меъёрњои љамъиятие, ки мухолиф ба анъанањову ќонунгузории моянд, сахт муќобилат мекунад.
Мо бояд чунин шароит фароњам оварем, ки духтарони Ќазоќистон тавонанд маълумоти босифат гиранд, кори хуб дошта бошанд ва озодиашон њам таъмин бошад.
Онњо бояд имкон дошта бошанд, ки аз корти бонкї истифода намоянд, мошин ронанд, карйера кунанд, духтарони муосир бошанд, ба либосњои барои мо бегона худро напўшонанд, зеро дар кишвари мо њељ гоњ чунин либосњоро ба бар намекарданд. Халќи мо фарњанги худ, анъанањои худ ва урфу одати худро дошт.
Халќ махсус мегўяд, ки «Қыздың жолы жiңiшке», яъне «Роњи духтар борик аст, он набояд канда шавад». Духтар, зан њамеша узви баробарњуќуќи љомеаи мо буд, модар бошад, чењраи аз њама мўњтарам аст.
Мо бояд ба зан, модар ва духтар, бидуни шак, эњтиромро баргардонем.
Давлат бояд ба њаргуна њодисањои гўшношуниди ѓуломии љинсиро, ки занро њамчун мол мебинад, ќотеона зарба занад.

Мо бояд модариро њифз кунем. Маро афзоиши хушунат нисбат ба занњо ва кўдакон дар хонаводањо ба ташвиш овардааст. Муносибати беэњтиромона нисбат ба зан набояд вуљуд дошта бошад. Ман ќотеона мегўям, ки чунин хушунат бояд бо ќатъият пешгирї карда шавад.
Дар кишвари мо оилањои нопурра зиёданд. Давлат бояд ба модароне, ки танњо фарзандони худро тарбия мекунанд, ёрї расонад. Мо бояд ба занон шаклњои мусоиди шуѓлро дар хона фароњам оварем. Ќонун, давлат ва ман љонибдорони занонамон њастем.
Мо минбаъд њам тамоми шароитро ба вуљуд меоварем, то ки наќши занон дар њаёти кишвар баланд бардошта шавад. Зани Ќазоќистони муосир бояд кўшиш ба харљ дињад, ки карйера кунад.
Зарур аст, ки занон фаъолона ба корњои давлативу љамъиятї љалб карда шаванд, алахусус дар сатњи мањал ва дар минтаќањо. Бояд шароити мусоид барои кушодану пеш бурдани соњибкории занон фароњам оварда шавад.
 
Њифзи кўдакон
Дар замони осоишта мо њазорон нафар ятим дорем. Хонањои кўдакон ва ятимхонањо пуранд. Мутаассифона, ин тамоили љањонї шудааст ва он яке аз тањдидњои даврони љањонишавї мебошад. Вале мо бояд ба ин тамоил муќобилат нишон дињем. Давлат ва љомеаи мо бояд писархондагии кўдакони ятим ва сохтмони хонањои типи оилавиро  барои онњо тарѓибу ташвиќ кунад.
Теъдоди њодисањои муносибати бемасъулонаи мардон нисбат ба занону кўдакон дар њоли афзудан аст. Ин ба анъанањову фарњанги мо хос нест.
Кўдакон ќисми аз њама бештар осебпазир ва бењимояи љомеаи мо мебошанд, бинобар ин, онњо набояд аз њуќуќ мањрум бошанд.
Њамчун пешвои миллат ман њифзи њуќуќи њар як кўдакро талаб мекунам.
Њар як кўдаке, ки дар сарзамини мо таваллуд мешавад, ќазоќистонї аст ва давлат бояд нисбат ба онњо ѓамхорї кунад.
Ман мухолифи талоќ мебошам. Зарур аст, ки љавонон дар рўњияи арзишњои оиладорї тарбия ёбанд, зеро бештар аз њама кўдакон азоб мекашанд. «Әкесі қой баға білмегеннің, баласы қозы баға білмейді- яъне, агар падар гўсфандњоро чаронда натавонад, писар баррачањоро чаронда наметавонад».
Тарбияи фарзанд вазифаи падару модар аст, на танњо вазифаи модар. Аммо агар зану шавњар људо шаванд, падар бояд алимент супорад. Давлат бояд занњои танњоро ёрї расонад ва барои сарпечї аз додани алимент љазоро сахттар таъин кунад.

Тарбияи фарзанд калонтарин сармоягузорї барои оянда мебошад. Мо бояд ба ин масъала мањз њамин хел бархўрд кунем ва кўшиш намоем ба фарзандони худ маълумоти хубтар дињем.


Ман ќувваи зиёд сарф кардам, то ки барои насли наврас имконияти калони гирифтани маълумоти бењтар фароњам оварам. Њоло барномаи «Балапан» татбиќ шуда истодааст. Мактабњои интеллектуалї, Донишгоњи Назарбоев, барномаи «Болашак» фаъолият доранд.
Чунон ки шумо медонед, ба онњо танњо кўдакони ботарбия ва соњибистеъдод шомил шуда метавонанд. Тайёр кардани кўдак ба донишу мењнат вазифаи падару модар аст.
Ба Њукумат супориш медињам:
• Ќонунгузорї дар бахши њифзи модару кўдак, инчунин, дар бахши оила ва никоњ ба таври куллї аз нав баррасї шавад.
• Љазо барои љиноятњое, ки муќобили модару кўдак содир шудааст, сахттар шавад,
инчунин барои вайрон кардани ќонун дар ин соња, њатто агар љинояти хурд њам бошад.
• Доир кардани ислоњот барои њавасмандгардонии таваллуд ва дастгирї кардани серфарзандї. Тањия намудани маљмўи чорабинињо иборат аз њавасмандгардонии моддиву ѓайримоддї, аз ќабили таъминоти тиббї ва итимої, пешнињоди имкониятњои нав дар бозори мењнат ва ѓ.
• Њамин тариќ, мо бояд ба рўњияи муфтхўрї хотима дода, ба заноне, ки мавќеи фаъолро
дар зиндагї ишѓол кардаанд, ёрї расонем, то онњо ба ќувваву имкониятњои худ бовар намоянд.
Дар кишвар роњ надодан ба табъизи љинсї ва дар амал таъмин намудани баробарии гендерї ва имкониятњои баробар ба занон дар ќатори мардон. Дар ин маврид, дар навбати аввал ман ба корфармоён мурољиат мекунам.
 
Сињатии миллат асоси ояндаи бомуваффаќ аст
Дар доираи модернизатсияи низоми миллии тандурустї мо бояд дар тамоми кишвар стандартњои ягонаи сифати хизматрасонии тиббиро љорї кунем.
Дар доираи модернизатсияи низоми миллии тандурустї мо бояд дар тамоми ќаламрави кишвар стандартњои ягонаи сифати хизматрасонии тиббиро љорї карда, њамчунин муљањњаз гардондани муассисањои тиббиро такмил дода, онњоро якхел муљањњаз гардонем.
Афзалиятњои асосї
• Таъмин кардани хизматрасонињои босифат ва дастрасї ба хизматрасонии тиббї.
• Таъмини ташхис ва табобати тамоми намуди беморињо.

• Тибби пешгирикунанда бояд василаи асосї дар пешгирии беморињо гардад. Зарур аст, ки диќќат бештар ба корњои фањмондадињиву тарѓиботї дар миёни ањолии кишвар равона карда шавад.
• Љорї кардани смарт-тиб (тибби таљњизотї), пешгирии фосилавї ва табобат тавассути
«тибби электронї». Ин намудњои нави хизматрасонињои тиббї алалхусус дар чунин кишвари калоне ба монанди Ќазоќистон талабгор доранд.
Мо бояд масъалаи татбиќи муносибатњои навро дар мавриди таъмини сињатии кўдакони худ фикр карда бароем. Гумон дорам, ки њамаи кўдакони то 16-сола бояд бо тамоми спектри хизматрасонињои тиббї фаро гирифта шаванд. Зарур аст, ки дар ин сурат стандартњои минималї дар ќонунгузорї ворид шавад.
• Низоми маълумоти тиббї бояд ба  таври куллї бењтар гардонда шавад. Ин иќдом дар
таъмини саломатии миллат сањми муњиме мешавад. Таљрибаи њаррўза бояд њаддалимкон бо раванди таълим њамгиро шавад.
• Ба корњои илмї-тањќиќотї ањамияти аввалиндараља дода шавад. Мањз мактабњои олии
тиббї бояд донишњои нав ва дастовардњои инсониятро дар худ љамъ ва ѓун кунанд. Дар ин маврид госпиталњои донишгоњњои амрикоиро мисол овардан мумкин аст. Онњо марказњои калонтарин ва самараноктарин марказњои тиббї мебошанд. Бояд њамкории давлат ва бахши хусусї дар ин замина рушд дода шавад.
• Шароити рушди тибби хусусї бояд   фароњам оварда шавад. Дар тамоми кишварњои
пешрафта ќисми зиёди хизматрасонињои тиббиро бахши хусусї мерасонад. Мо бояд барои гузариши босуръат ба беморхонањо ва поликлиникањои хусусї шароит фароњам оварем.
Ба ќонунгузорї аккредитатсияи байналмилалии мактабњо ва муассисањои тиббї ворид карда шавад.
То њол одамон норозигињои зиёде доир ба сифати хизматрасонии тиббї дар дењот баён кардаанд. Њоло дар дењот 43 фоизи ањолии кишвар зиндагї мекунад.
Тарбияи љисмонї ва варзиш бояд мавриди ѓамхории махсуси давлат ќарор бигирад. Мањз тарзи њаёти солим калиди сињатии миллат аст. Аммо дар кишвар иншооти варзишї, таљњизоти варзишии дастрас барои њама кифоя нест.
Дар ин робита Њукумат ва маќомоти мањаллї бояд чорањои зарурї барои рушди тарбияи љисмонї, варзиши оммавї ва сохтмони иншооти варзишиву табобатї аз рўи лоињањои типї, аз љумла, дар майдонњои назди биноњои истиќоматї биандешанд. Ин кор бояд соли дигар оѓоз шавад.

 
4. Донишу малакањои касбї калиди системаи маълумоти муосир, тарбияи кадрњо ва бозомўзии онњо мебошанд. Барои он, ки мо давлати раќобатпазир шавем, бояд миллати мо соњиби донишњои олї гардад.
 
Дар љањони имрўза танњо саводнокии саросарї кифоя нест. Шањрвандони мо бояд тайёр бошанд, ки малакањои кориро дар пешрафтатарин таљњизот ва пешрафтатарин истењсолот аз худ намоянд.
Зарур аст, ки таваљљўњи зиёд ба дониши функсионалии кўдакони мо ва дар маљмўъ, ба тамоми насли наврас дода шавад. Ин барои он муњим аст, ки кўдакони мо бояд ба њаёти муосир мутобиќ шаванд.
 
Афзалиятњои мо дар бахши маориф
 
(1)Мисли тамоми кишварњои дигари љањон Ќазоќистон бояд ба усулњои нави таълимоти томактабї гузарад. Медонед, ки ман ташаббускори татбиќи барномаи «Балашаќ» њастам, ки вазифаи асосии он баробар кардани имкониятњои ибтидоии кўдакони мо буд. Аз давраи оѓози татбиќи он 3956 боѓчањои кўдакон ва марказњои хурд ба истифода дода шудааст. Бо назардошти  таваллуди  зиёд  ва  афзоиши  демографї,  ман  тасмим  гирифтам,  ки  барномаи
«Балапан»-ро то соли 2020 иодма дињам. Дар назди Њукумат ва њокимон вазифа гузоштам, ки кўдакон 100 % дар муассисањои томактабї фаро гирифта шаванд.
(2) Бо назардошти роњи нави «Ќазоќистон 2050» ба Њукумат супориш медињам, ки рушди низоми маълумоти муњандисї ва ихтисосњои муосири техникиро бо додани сертификати байналмилалї таъмин намояд.
Маълумоти касбї-техникї ва олї бояд дар навбати аввал, њатталимкон ба ќонеъ намудани талаботњои љорї ва минбаъдаи иќтисоди миллї равона карда шавад. Ин имкон медињад, ки масъалаи шуѓли ањолї бо љойњои корї њал шавад.
Мактабњои олї набояд ба вазифањои таълимдињї мањдуд шаванд. Онњо бояд ба таъсис ва рушд додани бахшњои тањќиќотї ва амалї низ машѓул шаванд.
(3)   Мактабњои олие, ки мо ба онњо кафолати мухторияти академї дода будем, набояд бо такмил додани барномањои таълимии худ мањдуд шаванд. Онњо бояд фаъолияти илмї- тањќиќотии худро фаъолона рушд дињанд.Масъулияти иљтимоии бахши хусусї, созмонњои ѓайридавлатї, муассисањои хайриявї, ва ашхоси воќеї бояд дар соњаи маориф нишон дода шаванд. Дар навбати аввал ин ёрї ба љавонон аст, ки имконияти мустаќилона пардохт кардани таълим ва маълумоти сазоворро надоранд.
Зарур аст:
• Бояд шабакаи њамкории давлату бахшу хусусї барои рушди низоми маълумоти олї ва миёна ташкил дода шавад.

• Бояд низоми бисёрзинагии грантњо барои гирифтани таълим тањия гардад.
• Дар тамоми кишвар низоми тахассусии муассисањои таълимии хислати илмї-тањќиќотї дошта, ки тахассуси минтаќавиро фаро мегирад, ташкил карда шавад.
Дар ќонунгузорї таљрибаомўзии истењсолї дар корхонањо, шурўъ аз курси дуюми хониш ба таври њатмї ворид карда шавад.
(4)Мо бояд модернизатсияи методикаи таълимро ба роњ монда, ба таври фаъолона системаи таълимоти он-лайнро рушд дињему марказњои минтаќавии мактабњоро таъсис бидињем.
• Мо бояд ба таври интенсивї методњои инноватсионї, ќарорњову василањоро ба системаи
маорифи миллї, ба шумули таълимоти фосилавї, ки барои њамаи хоњишмандон дастрас аст, љорї кунем.
Зарур аст, ки аз фанњои кўњнашуда ё нозарур даст кашида, њамзамон бо ин, самтњоеро, ки барояшон талабот вуљуд дорад, тањким бахшем.
• Таваљљўњ ва самти барномањои таълими маълумоти олї ва миёнаро таѓйир дода, ба он
барномањои малакаи амалї ва гирифтани таљрибаи касбї њамроњ карда шаванд.
Барномањое, ки ба соњибкорї, курсњои омўзишї ва институтњо равона шудаанд, бояд ташкил шаванд.
 
Сиёсати нави тањќиќоти инноватсионї
 
Чунон ки таљрибаи љањонї нишон медињад, кўшиши дар як кишвари алоњида анљом додани тамоми доираи инноватсионї, маънои ихтирои дучархаро дорад. Ин кори гаронбањо ва на њамеша кори натиљадор ва самаранок мебошад.
Барои муваффаќият базаи алоњидаи илмї, ки ба таљрибаи наслњои олимони зиёд, террабайтњои бисёри иттилооти махсус ва дониши мактабњои илмии ташаккулёфта бунёд ёфтааст, зарур аст.
Дар рўи мављи технологї ќарор доштан, ба вуљуд овардани инноватсияњои мутлаќро на њама кишварњо метавонанд. Мо инро бояд оќилона дарк намоем.
Бинобар ин, мо бояд стратегияи воќеї ва амалгароёнаро татбиќ кунем.
Мо набояд таваљљўњи худро ба тањќиќот ва истихрољи серхарољот равона кунем.
Барои мо трансферти технологияњои барои кишвар зарур ва омўзиши мутахассисон барои истифодаи онњо зарур аст. EXPO-2017 бояд ин равандро тањрик дињад ва ёрї расонад, ки мо технологияњои навтаринро барои рушди энергетикаи оянда интихоб намоем. .
Мо миллати љавонем ва ин кори мо барор мегирад.
Ба ѓайр аз ин, мо метавонем ба таври фаъол дар лоињањои калонмиќёси илмї-тањќиќотии сатњи байналмилалї ширкат намоем. Ин ба мо имкон медињад, ки кўшишњои олимонамонро бо марказњои илмї-тањќиќотии хориљї дар самти стратегияи инноватсионї њамоњанг намоем. Маќсади мо ин аст, ки љузъи инќилоби глобалии технологї шавем.

• Мо бояд то соли 2013 доир ба њамкории пурраи илму соњибкорї чорањо андешем. Ба Њукумат супориш медињам, ки бахшњои байнисоњавиро, ки он љо трансферти технологияњо вуљуд доранд, муайян намуда, барои онњо талабот аз љониби истифодабарандагони сарватњои зеризаминї ва ширкатњои калони миллї ба вуљуд биоварад.
• Хеле  муњим  аст,  ки  «харитањои  роњ»-и  возењ  дар  масъалаи  ташаккули  кластерњои
(соњањои муњими) миллии инноватсионї тањия гардад.
• Њамчунин зарур аст, ки раванди муайян намудани базаи њуќуќї барои њамкории миёни давлату бахши хусусї тезонида шавад. Вазифа ин аст, ки пешрафтатарин василањо ва механизмњои то имрўз маълуми чунин њамкорињо љорї карда шаванд.
• Ревизияи ќонунгузорї, танзими масъалањои вобаста ба њуќуќи муаллифон гузаронда
шавад. Ба Њукумат зарур аст, ки то охири соли 2014 њамаи патентњои ќаблан додашударо ва њуќуќњои сабтшудаи муаллифонро дар мавриди имкони ба тиљорат табдил додани онњо тањлил кунад.
 
Њамватаони мўњтарам!
Ман мехоњам ба љавонони кишвар мурољиат кунам.
Роњи нави сиёсиву иќтисодие, ки ман имрўз эълон кардам, ба он равона шудааст, ки ба шумо маълумоти бењтар дода шавад. Ин чунин маъно дорад, ки ба шумо зиндагии бењтар дар оянда дода мешавад.
Ман ба шумо – ба насли нави ќазоќистонињо умед мебандам. Шумо бояд муњаррики роњи нав шавед.
Њамчун сардори давлат ман њамеша кўшиш мекардам тамоми шароитњои заруриро барои омўзишу рушди шумо фароњам оварам. Донишгоњи сатњи љањонї, мактабњои интеллектуалї ва барномаи «Болашак»-ро барои шумо сохтаам.
Њозир консепсияи нави сиёсати давлатии љавонон тањия шуда истодааст. Барои шумо тамоми шароитњо муњайё мешаванд.
Давлат тамоми кўшишњоро ба харљ дода истодааст, ки барои шумо имкониятњои навро ба вуљуд биоварад. Чунин имкониятњое, ки дар бораашон падарону модарони шумо њатто орзу намекарданд.
Њамеша инро дар хотир дошта бошед. Муваффаќияти шахсии шумо муваффаќияти падарону модарони шумо, муваффаќияти оилањову наздикон, муваффаќияти њамватанони шумо ва муваффаќияти ватани шумо низ њаст
 

5. Тањкими минбаъадаи давлатдорї ва рушди демократияи Ќазоќистон
 
Маќсади мо ташаккули типи нави идораи давлатї аст. Вай бояд ба вазифањои нав дар масъалаи хизмат ба љамъият ва тањкими давлатдорї љавобгў бошад.
Якум. Ба мо зарур аст, ки системаи банаќшагирии давлатї ва пешгўї кардан минбаъд њам такмил ёбад.
Вазифа мегузорам, ки масъулияти нињодњои давлатї дар мавриди тањияи наќшањо ва барномањо сахттар шавад. Вобаста ба ин, ба Њукумат супориш медињам:
• Бо дарназардошти диди ман дар масъалаи Стратегияи рушди Ќазоќистон то соли 2050
«таљдиди назари» њуљљатњои стратегї, ки тибќи онњо кишвар кору зиндагї мекунад, сурат бигирад.
• Консепсияи ворид кардани аудити давлатї дар мамлакат. Соли оянда ба Парламент
лоињаи ќонуни марбута пешнињод карда шавад. Ба мо зарур аст, ки системаи комплексии аудити давлатї дар асоси таљрибаи пешрафтатарини љањонї ташкил шавад.
• Барои  он  ки  стратегияњои  иќтисодии  мо  дар  амал  татбиќ  шаванд,  давлат  бояд
вазъиятињои бўњрониро пешгўї карда тавонад ва ба таври самаранок ба онњо вокуниш нишон дињад. Барои ин ба мо зарур аст, ки системаи вокуниши бисёрсатњаи зиддибўњрон ба  амал бароварда шавад.
Мо бояд маљмўи чорањои стандартии амалкуниро дар вазъиятњои бўњронї дошта бошем. Алалхусус, дар минтаќањо. Њангоми тањияи ин низом зарур аст, ки тамоми тањдидњое, ки дар бораашон мегўянд, ба назар гирифта шаванд.
 
Дуюм. Мо бояд ѓайримарказикунии низоми идориро босаводона татбиќ намоем.
 
Моњияти ин ѓоя иборат аз он аст, ки ба њуќуќ ва захирањои кофї барои њалли ќарорњо аз њукумати марказї ба маќомоти давлатии минтаќавї дода шавад.
Дар соли 2013 мо бояд чорањои мушаххас дар масъалаи таќсими масъулият ва ваколатњои марказ ва минтаќањо ќабул намуда, маќомоти иљроияи мањаллиро пурќувват намоем.
Ваколатњои маќомоти иљроияи мањалњо бо захирањои молиявї ва кадрї пурќувват карда мешаванд.
Љомеа ва шањрвандон бояд мустаќиман ба раванди ќабули ќарорњои давлатї ва татбиќи онњо љалб карда шаванд. Ба воситаи маќомоти худидораи мањаллї зарур аст, ки ба ањолї имконияти воќеии њалли мустаќилона ва бомасъулонаи масъалањои ањамияти мањаллї дода шавад

Ман Консепсияи рушди худидораи мањаллиро тасдиќ кардам. Вай имкон медињад, ки сифати идорї дар сатњи аул ва дењот баланд бардошта шуда, ширкати шањрвандонро дар масъалањои ањамияти мањаллї дошта, баланд мебардорад.
Мо ба њокимони дењот ваколатњои иловагї дода, таъсири онњоро ба вазъият дар аулњо зиёд мекунем. Аммо њамзамон бо ин, моро зарур аст, ки назорати љомеаро аз болои вазъият дар аулњо сахттар кунем. Бинобар ин, ман ќарор ќабул кардам, ки дар миёни њокимони аулњо тавассути маслињатњо интихобот сурат бигирад. Интихоботро мо аз соли 2013 шурўъ мекунем.
Њамагї 2533 њоким интихоб мешавад, аз љумла, њокимони округњои дењот, шањракњо, инчунин 50 њокими сатњи ноњиявї. Ин 91,7% аз теъдоди умумии њокимони тамоми сатњњо мебошад!
Њамин тариќ, мо бо интихобот тамоми њокимонро, ки бевосита бо шањрвандон дар мањалњо кор мебаранд, фаро мегирем.
Замоне фаро расидааст, ки бояд шањрвандон ба таври фаъол дар њалли масъалањои рўзмарра љалб шуда, фаъолияти маќомоти иљроияро дар мањалњо назорат намоянд.
Ба Њукумат супориш медињам, ки њамроњ бо Дастгоњи ман тањияи санадњои зарурии њуќуќиро тањия карда, Парламент бошад ќабули онњоро њамчун санадњои афзалиятнок таъмин кунад.
Мо бояд бо роњи мутамаддин њаракат карда, њамроњи тамоми љањон роњро ба сўи демократикунонии љомеа пеш бибарем.
Зарур аст, ки сиёсати мо дар мавриди пурќувват кардани ваколатњои Парламент идома бигирад.
Њамзамон бо ин, набояд десентрализатсия њамчун раванди истисноии ташкили маќомоти нави давлатї дар мањалњо, ки ба онњо ваколатњои муайяне вогузор карда мешаванд, баррасї шавад.
Десентрализатсия пеш аз њама таѓйироти сифатан нави низоми идораи давлатї, таѓйири низоми њалли мушкилот дар сатњи мањалњо аст.
Дар айн њол, десентрализатсия набояд ба заиф шудани њукумати марказї, паст шудани тартибот оварда расонад. Ба ин роњ додан мумкин нест. Њокимон дар мањалњо ва Њукумат бояд инро зери назорати махсус нигоњ доранд.
 
Сеюм. Дар пеш раванди ташаккул додани дастгоњи касбии давлатї истодааст, ки барои он, тибќи усулњои имрўз эълон кардаи ман, хизмат ба халќ ва давлат аз њама болотар меистад.
 
Мо њайати кадрњоеро, ки дар хизмати давлатї мебошанд, бояд тавассути такмили методикањои интихоб ва тайёрии касбї сифатан бењтар гардонем.

Ќарорњои идорї дар сатњи давлат бояд ба талаботи зерин љавобгў бошад:
• Ба њисобгирии натанњо натиљањои кўтоњмуддат, балки натиљањои дарозмуддат низ ба њисоб гирифта шаванд
• Ба њисоб гирифани таъсири бисёрљонибаи ќарорњои идорї.
• Таъмини ќоидањои боинсофонаи раќобат ва озодии соњибкорон.
• Аз байн бурдани шарњи духураи вазифањои хизматчиёни давлатї. Танзими даќиќи ќонунии фаъолияти онњо. Бо назардошти талаботи нав мо аллакай марњилаи дуюми ислоњоти идориро шурўъ кардем.
Пеш аз њама ислоњот дар дастгоњи давлатї гузаронда мешавад. Ман ќонунро дар бораи низоми нави хизмати давлатї имзо кардам. Вай сахт шудани чорањои зиддифасод, шаффофияти интихоби хизматичёни давлатї, татбиќи усули меритократия, яъне боло бурдани кадрњои бењтаринро таъмин мекунад.
Мо Комиссияи миллиро дар бахши кадрњо таъсис медињем. Синфи комилан нави идорињои соњибихтисос - Корпус-А, ки барои татбиќи самтњои мушаххаси сиёсати давлатї масъул аст, ташаккул меёбад.
Ба корпуси А, дар навбати аввал, котибони масъул ва роњбарони дастгоњњои њокимони вилоятњо, раисони комитетњо, њокимони ноњияњо ва шањрњо дохил мешаванд. Ба Дастгоњи худам супориш медињам, ки лоињаи фармон дар бораи талаботи квалификатсионї нисбат ба довталабони Корпуси А тањия кунад.
Аз ин ба баъд, хизматчии давлатї бояд дар зинаи вазифа марњила ба марњила њаракат карда, аз як паллаи иерархия ба паллаи дигар њаракат карда, малакаи худро такмил дода, сатњи касбии худро баланд бардорад. Истисно танњо ба касоне дахл дорад, ки нишондодњои муайяншударо аз наќша барзиёд иљро карда, самаранокии худро нишон дода, натиљањои баландро ба даст меоваранд.
Ба Агентї доир ба хизмати давлатї супориш медињам, ки то охири соли 2013 ворид намудани механизми комилан нави рушди карйераи хизматчиёни давлатиро таъмин намояд.
Таваљљўхи хоссаро дар ин замина ба баланд бардоштани сифати хизмати давлатї бояд равона кард. Вазифа ин аст, ки аз муносибатњои яктарафаи њокимї њангоми бархурд миёни дастгоњи давлатї бо ањолї даст кашида, ба хизматрасонии давлатии фаврї ва самаранок ба шањрвандон гузашта шавад.
Њоло ба Парламент лоињаи ќонун «Дар бораи хизмати давлатї» фиристода шудааст. Онро бояд то охири семоњаи якуми соли 2013 ќабул кунанд.
Мо бояд маќомоти давлатиро аз иљрои вазифањои ба онњо хос набуда, озод кунем ва мустаќилияти маќомоти давлатиро сифатан васеъ намоем. Ба Њукумат њамроњ бо иљрои ин вазифа њамчунон аз соли 2014 механизми ташкили буљетњои мањаллї вобаста карда шавад.

 
Чорум. Дастгоњи давлатї бояд низоми нави њамкориро бо сохторњои соњибкорї ба роњ монад.Мо набояд ба соњибкорї дахолат намуда, «онро за дасташ гирифта» барем. Мо бояд ба соњибкорї эътимод ба рўзи фардо дињем. Сохибкорон бояд ба ќуввату дониши худ такя карда, бояд донанд, ки давлат онњоро фиреб намедињад, балки њимоя мекунад. Аз онњо талаб карда
мешавад, ки бовиљдонона кор кунанд.
Чунин њисоб мекунам, ки барои ин мо бояд, аввалан, дар воќеъ, дахлнопазирии моликияти хусусиро кафолат дињем. Дуюм, зарур аст, ки њимояи ўхдадорињои шартномавї кафолат дода шаванд.
Вазифаи давлат ба шањрвандон пешнињод кардани имкониятњои васеъ барои амалї гардондани кордонии онњо. Ин чунин маънї дорад, ки бояд дар бораи сохтани инфрасохтори соњибкории ватанї ѓамхорї шавад.
(1) Ба ин маќсад аллакай дар соли 2013 зарур аст, ки марњилаи навбатии модернизатсияи ситемаи њуќуќи миллї оѓоз шавад.
Ќонунгузорї на танњо бояд манфиатњои миллиро њимоя кунад, балки бо муњити њуќуќии ба таври динамикї рушдёбандаи байналмилалї созгор бошад. Ба Њукумат супориш медињам, ки низоми чорањоро ба маќсади баланд бардоштани раќобатнокии соњаи њуќуќии мо дар њамаи базањои соњавии он, њам оммавї ва њам њуќуќи хусусї ќабул кунад.
(2) Ба Њукумат супориш медињам, ки њамроњ бо Дастгоњи ман дар соли 2013:
• Ислоњоти ќонунњои љиноятї ва Љиноятї-мурофиавиро шурўъ кунанд. Таваљљўњ ба гуманизатсияи минбаъда, аз љумла, ба декриминализатсияи њуќуќвайронкунии иќтисодї дода шавад.
• Чор ќонун тањия ва ба Парламент пешнињод карда шавад: Љиноятї-Мурофиавї,
Љиноятї, Љиноятї –Ислоњотї ва Кодекс дар бораи ќонунвайронкунињои маъмурї. Ќабули ин санадњои асосии њуќуќї ба таври консептуалї низоми судиро модернизатсия карда, низоми њуќуќи моро ба сатње боло мебардорад, ки тавассути он мо метавонем ба тањдидњои муосир вокуниш нишон дињем.
 
Панљум. Давлат бояд ба усули тањаммулпазирии сифрї нисбат ба бетартибї пойбанд бошад. Рушди  љомеа  аз  тартиботу  интизом  дар  њамаи  бахшњои  зиндагї  шурўъ  мешавад.  Аз дари хонаи обод, њавлии тоза, хиёбонњои покиза ва чењрањои хандон. Мо набояд њатто бо њуќуќвайронкунии  беањамият,  авбошї,  бефарњангї  муросо  намоем,  зеро  ин  њама  оромии
љомеаро халалдор карда, сифати зиндагиро коњиш медињад.
Эњсоси мављудияти беинтизомї ва худсарии бељазо барои сар задании љиноятњои љиддитаре замина муњайё мекунад.

Муњити тањаммулнопазирї нисбат ба ќонунвайронкунињо гоми муњимест дар тањкими амнияти љомеа ва мубориза бар зидди љинояткорї.
Ба мо зарур аст, ки нигилизми њуќуќиро сарфи назар кунем ва љомеаро ба кори њифзи тартиботи љамъиятї љалб намоем.
Ба мо зарур аст, ки рафтори иљтимоии деструктивиро бо имконияти соњиби љои кор шудан пайваст намоем. Мо бояд чорањои љазодињиро барои рафтори авбошона дар љойњои љамъиятї љорї кунем ва бояд њатман дар вараќањои шахсї ва резюмењои онњо инъикос ёбанд. Њангоми ќабул ба кор ва боло рафтан тавассути зинаи вазифа ба назар гирифта шаванд.
Њамаи ин бояд меъёри њаёти мо гардад.
 
Шашум. Давлат ва љомеа бояд дар як љабњаи муттањид ба муќобили фасод баромад кунанд.
 
Фасод танњо њуќуќвайронкунї нест. Вай бовариро ба самаранокии кори давлат аз байн мебарад. Фасод тањдиди мустаќимест ба амнияти миллї.
Мо бояд мубориза бо фасодро сареан сахттар кунем, аз љумла, тавассути такмил додани ќонунгузории зиддифасод, то ки ба маќсади нињоии худ бирасем. Ба решакан кардани фасод, њамчун зуњурот ноил шавем.
Њафтум. Мо бояд ислоњотро дар маќомоти њифзи њуќуќ ва хадамоти бехатарї давом бидињем.
Бидуни ин мо наметавонем масъалаи «тањаммулпазирии сифрї» нисбат ба бетартибї ва решакан кардани фасодро ташаккул бидињем.
(1)   Дар тўли се соли охир мо як ќатор ислоњоти муњимро дар маќомоти њифзи њуќуќ ва хадамоти махсус татбиќ кардем. Ин иќдоми муњиме буд дар тањкими давлатдорї. Базаи њуќуќии фаъолияти онњо бењтар гардид. Вазифањояшон даќиќ муайян шудааст. Такрори фаъолияти њамдигар комилан аз байн рафтааст. Сиёсат дар бахши љиноятњо гуманизатсия шудааст.
Аттестатсияи сартосарии тамоми кормандони маќомоти њифзи њуќуќ гузаронда шудааст. Аз миёни беш аз 100 њазор корманд аттестатсияро 12,5 њазор нагузаштанд ва аз маќомоти ќудратї ронда шуданд.
(2) Мо ин корро идома медињем.
Ман ба Дастгоњам, Шўрои амният якљоя бо Њукумат супориш медињам:
• Наќшаи зиёд кардани маош ва нафаќаи коргарони њифзи њуќуќро тайёр намоянд. Супориш медињам, ки аллакай дар соли 2013 маблаѓњои иловагї барои рутбаи махсус то сатњи як моњонаи рутбаи њарбї баланд бардошта шавад.
• Консепсияи сиёсати кадрии маќомоти њифзи њуќуќ тартиб дода шавад.

• Дар заминаи Комиссияи олии имтињонї сохтори доимии сиёсати кадрии маќомоти њифзи њуќуќ ташкил дода шавад.
• Захираи президентии роњбарони њифзи њуќуќ ва маќомоти бехатарї ташкил дода шавад.
(3) Ман ба Дастгоњам, Шўрои амният якљоя бо Њукумат супориш додам, ки гурўњи кори байнисоњавї ташкил карда, то охири соли 2013 лоињаи барномаи модернизатсияи минбаъдаи низоми њифзи њуќуќро тањия кунанд.
(4) Муњимтарин масъалаи сиёсати соњаи њуќуќ татбики њуќуќи шањрвандон ба њимояи судї аст, ки онро Конститутсия кафолат додаст.
Барои ин зарур аст, ки раванди татбиќи адолати судї осонтар шуда, онро аз протседурањои бењуда озод кардан зарур аст. Дар љараёни ворид кардани технологияњои иттилоотї татбиќи ин амал кори мушкил нест.
Дар айни њол, бо маќсади сабук кардани фаъолияти судњо бояд рушди институтњои танзими бањсњои ѓайрисудї идома дода шавад. Бояд чунин механизм пешбинї шавад, ки зимни татбиќи он њалли бањсњо доир ба масъалањои камањамият ба тартиби ѓайрисудї сурат бигирад.
Обрўи њокимияти судї бо сабаби иљро нашудани ќарорњои он мерезад. Дар иртибот ба ин, бояд чорањо доир ба ислоњи кулли ин вазъият дида шавад.
(5)   Зарур аст, ки ислоњоти калонмиќёси Хадамоти марзбонї сурат бигирад. Маќсад ба таври куллї баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он ва модернизатсияи базаи моддиву техникї  мебошад.
Ба њамин хотир, ба Шўрои амният супориш медињам, ки њамрохи Дастгоњи худам ва Њукумат чорањои комплексии наќшаи рушди Хадамоти марзбонї ва бунёди марзи давлатї дар давраи миёнамуддат тайёр кунанд.
 
6. Сиёсати хориљии тадриљї ва пешгўишаванда - пеш бурдани манфиати миллї ва тањкими амнияти минтаќавї ва глобалї   мебошад.
 
Дар тўли солњои истиќлолият Ќазоќистон њамчун иштирокчии баробарњуќуќи равандњои байналмилалї ташаккул ёфт ва ба мо имкон даст дод, ки шароитњои мусоиди беруниро фароњам биоварем.
Афзалиятњои мо бетаѓйир мебошанд - рушди њамкорї бо њамсояњои мо - Русия, Чин ва кишварњои Осиёи Марказї, инчунин ИМА, Иттињоди Аврупо, кишварњои Осиё мебошанд.
Мо њамчунин Иттифоќи гумрукї ва Фазои Ягонаи иќтисодиро тањким мебахшем.

Њадафи наздиктарини мо таъсис додани Иттињоди иќтисодии АвруОсиё мебошад. Дар баробари ин мо ќатъан изњор мекунем, ки ин масъала бо роњи машварати њамдигарї баррасї шуда, истиќлолияти сиёсї поймол нашавад.
Нигоњ доштани мувозинат дар сиёсати хориљии мо маънои рушди муносибатњои дўстона ва пешбинишаванда бо давлатњое, ки дар умури љањонї наќши асосї ва барои Ќазоќистон манфиати воќеї доранд, ифода мекунад.
Вале вазъияти байналмилалї ва муњити геополитикї мунтазам таѓйир меёбанд ва аксар њолатњо ин таѓйирот ѓайримусбї мебошанд. Аз Африќои шимолї ва Шарќи наздик гирифта, то Осиёи шимоливу шарќї хатту марзи азими нобасомонињо доман пањн кардааст. Тањаввулоти љиддї дар тавозуни ќуввањо њам дар сатњи глобалї ва њам дар сатњи минтаќањои алоњидаи сайёра ба вуќўъ омада истодаанд.
Табиист, ки дар чунин њолатњо наќши созмонњои минтаќавии амниятї ба мисли СММ, САЊА, НАТО, СПАД, СЊШ ва дигарон боло мераванд. Дар Осиёи Марказї тањдидхо ва хатарњои нав ба амнияту бехатарии миллї пайдо шудаанд. Бинобар ин, сиёсати хориљии Ќазоќистон мисли сиёсати дохилї бояд вобаста ба талаботи замони муосир ба роњ монда шавад.
 
Самтњои афзалиятноки бењтар намудани сиёсати хориљї чунин аст:
 
• Њаматарафа таќвият бахшидан ба амнияти минтаќавї ва миллї.
• Фаъолона рушд додани дипломатияи иќтисодї ва тиљоратї.
• Самаранок намудани њамкорињои байналмилалї, ки дар соњањои фархангиву гуманитарї, илмиву маърифатї ва дигар соњањои омехта.
• Таќвият бахшидан ба раванди њифзи манфиатњои њуќуќї, шахсї, оилавї ва кории шањрвандони мо дар хориљи кишвар.
Якум ин ки, дар сиёсати хориљї пешбарї кардани манфиатњои миллї дар асоси принсипхои амалгароёна   (прагматикї).
Вазифахои мо: бењтар кардани сиёсати хориљї, рушди дипломатияи иќтисодї ва тиљоратї бањри њимоя ва пешбарии манфиатњои миллии иќтисодї ва тиљоратї.
Дуюм, моро мебояд минбаъд низ масъулияти худро барои амнияти минтаќа дарк кунем ва сањми худро дар таъмини суботи Осиёи Марказї гузорем.
Вазифаи мо - њарчї бештар мусоидат кардан ба рафъи заминањои сар задани низоъњо дар минтаќа.

• Бењтарин роњи таъмин кардани субот дар Осиёи Марказї хамгироии дохилиминтаќавї мебошад. Мањз бо њамин роњ мо метавонем имкониятњои сар задани низоъњоро дар минтаќа ба нестї барем, мушкилоти иљтимої-иќтисодиро њал кунем, ихтилофњоро дар масъалаи обу энергетика барњам занем.
• Садои мо бояд дар тамоми љањон шунида шавад. Бинобар ин, дар Форуми иќтисодии Остона ман тарзи нави муколимаро пешнињод кардам, ки мо онро G-Global номидем.
• Ягон кишвари дунё наметавонад дар танњої тањдиду хатарњои замони навро бартараф кунад. Маќсади пешнињоди ман ба њам овардани тамоми нерўњои созанда бањри барпо кардани љањони боадолат ва бехатар мебошад.
Сеюм, кишвари мо бояд минбаъд њам тамоми ташаббусњои созандаи байналмилалиро љонибдорї кунад ва сањми худро дар таъмини амнияти глобалї гузорад.
• Дар якчоягї бо шарикони манфиатдор ва њамсояњои худ Ќазоќистон ба њарчї зудтар расидан ба розигии сиёсї ва барќарорсозии Афѓонистон кўшиш мекунад.
• Њамчун иштирокчии фаъоли Созмони Њамкории исломї Ќазоќистон сидќан ба он манфиатдор аст, ки масоили кишварњои Шарќи Наздик танњо бо роњи осоишта њал шаванд. Муњим он аст, ки мављи шавќу шўри издињоми мардумї дар љањони исломї-арабї ба маљрои созандагї равона шавад ва барои њалли мушкилоти иљтимої-иќтисодии минтаќа хизмат кунад.
• Мо бояд аз љихати иќтисодї бо суръати баланд бо кишварњои рушдкардаи минтаќаи Осиёии Уќёнуси ором наздик шавем. Ин ба мо натанњо манфиатњои иќтисодї медињад, балки тавозунро дар сиёсати хориљиамон низ таќвият мебахшад.
Чорум, Ќазоќистон бояд иќтидори мудофиавї ва доктринаи њарбии худро таќвият дињад, дар созмонњои гуногуни хусусияти мудофиавї дошта иштирок кунад.
• Консепсияи миллии мудофиавиро тањия карда, дар баробари њамин мо бояд бо кишварњо ва ташкилотњои мухталиф њамкорї намоем.
• Ќазоќистон бо шарикони худ аз СПАД њамкории зичро ба роњ мемонад ва барои мустањкам кардани иќтидори њарбии Нерўњои коллективии зудамал њамаљониба мусоидат мекунад.
 
7. Ватандўстии навини ќазокистонї асоси муваффаќиятњои љомеаи сермиллат ва халќиятњои гуногуни мо мебошад
 
Маќсади асосии мо дар ин самт хеле оддї ва фањмо мебошад: мо бояд ризоияти љамъиятиро нигоњ дорем ва онро таќвият бахшем. Ин шарти асосии њастии мо њамчун давлат, љомеа ва миллат мебошад.

Асоси ватандўстии ќазоќистонї баробарњуќуќии њамаи шањрвандон ва инчунин масъулияти умумии онњо барои шарафи Ватан мебошад.
Дар ин сол дар Олимпиадаи Лондон варзишгарони мо дар ќатори 205 дастаи миллї љои 12-умро ишѓол карданд.
Дастаи мо њамчун оилаи мустањками ягона аз номи Ќазоќистони сермиллат ва дорои ќавмњову халќиятњои гуногун баромад кард.
Муваффакияти Олимпї халќи моро боз њам муттањидтар кард, нерўи азими ватандўстиро нишон дод. Варзиши оммавї ва комёбињои баланди варзишї муносибати комплексиву системавиро таќозо дорад, зеро саломатии миллат дар мадди аввал меистад.
Ба Њукумат супориш медињам, ки барномаи рушди варзиши оммавї ва ѓалабањои дурахшони варзиширо бо назардошти таљрибаи пешќадами љањонї тањия кунад.
 
Якум. Ватандўстии навини ќазоќистонї
 
Бидуни боварї ба фардо наметавон давлати комил бунёд кард. Бо њам мувофиќ будани њадафњои давлат ва шањрванд дар самтњои асосї омили њаётан муњим мебошанд. Ин маќсади асосии давлат аст.
Шањрвандон њамон ваќт ба давлат бовар мекунанд, ки имконият ва шароити мусоид барои рушди касбият ва шахсият мављуд бошад.
Давлат ва халќ бояд инро дарк кунанд ва якљоя кор кунанд.
Бояд дар худ ва дар кўдакони худ ватандўстии навини ќазоќистониро тарбия кард. Ин пеш аз њама ифтихор барои Ватани худ ва муваффаќиятњои он бояд бошад.
Аммо, имрўз дар давраи нави бунёди давлатдории миллї чунин фањмиш басанда нест. Мо бояд воќеъбинона ба ин масъала назар кунем.
Мо кишвари худро дўст медорем, мо бо он ифтихор мекунем, агар давлат ба њар як шањрванд зиндагии сифатан бењтар, амният, баробарии шароитњо ва имкониятњоро кафолат дињад.
Танхо чунин муносибат ба мо имконият медињад, ки ба масъалаи ватандўстї ва тарбия аз нуќтаи назари воќеият бањогузорї кунем.
То соли 2050 моро мебояд низоми сиёсиеро бунёд кунем, ки дар он њар як шањрванди Ќазоќистон ба фардои нек, ба оянда боварии комил дошта бошад.
Фарзандон ва наберагони мо бояд зиндагї кардан дар Ватанро аз хориља афзалтар донанд, зеро барои онњо дар ин љо њазорон бор аз хорича бењтар аст. Њар як шањрванди мо бояд дар худ њисси соњиб будан дар ин сарзаминро дошта бошад.

Дуюм. Баробарњуќуќии шањрвандони тамоми халќиятњову ќавмњои гуногун
 
Мо њамаамон ќазоќистонї њастем, њуќуќ ва имкониятњои баробарро доро њастем.
Ватандўстии навини ќазоќистонї сиёсате аст, ки тамоми љомеаро новобаста ба ќавму миллаташ муттањид месозад.
Мо – љомеаи сермиллат хастем. Ва дар масоили муносибатњои миллї набояд стандартњои дугона љой дошта бошанд.
Дар назди давлат њама бояд баробар бошанд. Набояд хубиву бадї аз рўи миллият ва ё дигар нишонањо майян шаванд.
Барои ман ин масъалаи намоишї нест. Агар њуќуќњои касеро аз рўи нишонањои миллї поймол кунанд, пас, бояд њисоб кард, ки њуќуќњои тамоми ќазоќистонињоро поймол кардаанд. Њељ гуна имтиёзњо аз рўи миллият нест ва набояд бошад, зеро њуќуќи њама баробар аст.
Мо љомеае месозем бо имкониятњои баробар, љомеае месозем, ки њама дар назди ќонун баробаранд.
Мо њељ гоњ бояд њатто чунин фикрро дарс надошта бошем, ки дохил шудан ба мактаб, даромадан ба кор ва пешравии карйера аз рўи нишонањои миллї њал мешаванд.
Ман талаб мекунам, ки њукумат ва њокимњо дар сиёсати мењнат тартиботро љорї кунанд. Зарур аст, ки ба кор, алалхусус дар маќомоти њукуматњои мањаллї, бењтаринњоро ќабул кунанд, сарфи назар аз миллияташон.
Омили ба кор ќабулкунї бояд якто бошад-одоби баланд ва касбият. Зарур аст, каљравињо, ки дар интихоби кадрњо дар вазоратњову њокимиятњои њамаи сатњњо мушоњида мешавад, ислоњ шаванд.
Дар љоемаи мо набояд «зиёдатї»-њо ва ё аз шумову аз мо вуљуд дошта бошад. Мо наетавонем ягон шањрванди мамлакати худро «радди маърака» кунем. Њар як ќазоќистонї бояд дастгирї ва ёрии њукуматро эњсос кунад.
Њар касе, ки мехоњад миёни муросои миллатњо «људої» занад, бояд тибќи ќонун таъќиб шавад.
Дар ин масъала масъулияти махсус ба дўши мо ќазоќњост.
Мо бояд дарк кунем, ки давраи давлатњои яккамиллатї кайњо гузаштааст.
Ќазоќистон замини мост. Ин заминест, ки асрњои аср он ба гузаштагони мо тааллуќ дошт. Замине, ки дар оянда ба авлодони мо тааллуќ мегирад. Ва мо бевосита барои он масъулем, ки дар замини мо сулњу салоњ њукмрон бошад.
Мо бояд соњибони њаќиќии замин худ – мењмондўст, мењрубону саховатпеша ва тањаммулпазир бошем.

Агар мо бихоњем мамлакати худро пурќувват бубинем, мо набояд киштиро такон дода, сулњу тартиботро барњам бизанем.
Мо бояд ба ягон кас иљозат надињем, ки тухми нифоќу тарсро дар сарзамини шарифи мо бикорад.
Шумо бояд талаби ман ва таќозои замонро фаромўш накунед, бояд дар шароити сулњу салоњ зиндагї кунед. Ќуввањои зиёде дар дохилу хориљ њастанд, ки мехоњанд «ќартаи људої»-и миёни миллатњоро истифода карда, оромии моро аз дохил тарконда, ба тањким ёфтани давлати мо халал расонанд.
Бозичаи дасти онњо нашавед!
Мо бояд кўшиш кунем, ки инсонњои комил шавем, мо бояд фарзандони сазовор шавем. Танњо дар он сурат моро эњтиром мекунанд, таърихи мо, фарњанги мо, анъанањои мо ва забони моро эњтиром мекунанд.
 
 
Сеюм. Забони ќазоќї ва вањдати сегонаи забонњо
 
Сиёсати бомасъулона дар соњаи забон яке аз омилњои муњимтарини муттањидкунандаи миллати ќазоќ аст.
(1) Забони ќазоќї  мењвари маънавии мост.
Вазифаи мо ин аст, ки онро рушд дињему дар њама соњањо ба таври фаъолона истифода барем. Мо бояд ба наслњои ояндаи худ забони муосирро ба мерос гузорем. Мо бояд ба таљрибаи зиёди аљдоди гузашта наќши муассири худро низ зам кунем. Ин вазифаи њар як одамест, ки худро эњтиром мекунад ва ў бояд инро мустаќилона њал кунад.
Давлат аз љониби худ корњои зиёдеро барои тањкими забони давлатї ба анљом мерасонад. Зарур аст, ки татбиќи маљмўи чорабинињо ба хотири тарѓиби забони ќазоќї идома ёбад.
Барои мо зарур аст, ки аз соли 2025 ба гузариши алифбои лотинї шурўъ кунем. Ин масъалаи усулие аст, ки миллат бояд онро њал кунад. Замоне дар таърихи худ мо як бор ин иќдомро ба роњ андохта будем.
Ба хотири ояндаи фарзандони худ мо бояд ин тасмимро бигирем. Ин шароитро барои њамгироии мо бо љањон, бењтар омўхтани забони англисї ва забони Интернет фароњам меорад. Вале аз њама муњимтар -  он забони ќазоќиро инкишоф мебахшад.
Мо бояд модернизатсияи забони ќазоќиро шурўъ кунем. Мо бояд забони худро замонавї кунем, дар масъалањои истилоњот бояд ба як андеша биёем ва барои њамеша маъсалаи гузариши калимањои њазмшудаи байналмилаливу хориљиро њал кунем. Ин масъаларо набояд доираи алоњидаи ходимон њал кунанд. Њукумат бояд ин масъаларо биомўзад. Истилоњоте вуљуд доранд, ки дар тамоми љањон ќабул гаштаанд ва онњо њамаи забонњоро бой мекунанд.

Аммо мо худамон зиндагии худро мушкил намуда, харљу мараљро дар сарњо љо карда, калимањои кўњнаро љустуљў карда истодаем. Ва чунин мисолњо биёранд.
Ман пешнињод мекунам, ки рўйхати њадди аќал чандсад китоби муосир тартиб дода шаванд, ки њамаашон ба забони имрўза навишта шудаанд ва онњо бо навбат ба забони ќазоќї тарљума шаванд. Шояд дар миёни љавонон озмун эълон шавад. Бигзор онњо бигўянд, ки чї барояшон бештар муфид ва љолиб аст.
 
 
***
 
Сиёсати рушди забони ќазоќї набояд онро аз халќ, њатто худи ќазоќњо, дур созад. Баръакс, забон бояд муттањидкунандаи халќи Ќазоќистон шавад. Барои њамин, сиёсати забониро моњирона ва тадриљан бояд гузаронид, то ягон забоне, ки бо он ќазоќистонињо њарф мезананд, мањдуд нашавад.
Шумо сиёсати моро медонед – то соли 2025 95% ќазоќистонињо бояд забони ќазоќиро балад бошанд.
Барои ин њозир шароит фароњам оварда шуда истодааст.
Имрўз аллакай бештар аз 60% хонандагон бо забони давлатї мехонанд, дар тамоми мактабњо омўзиши он љорї карда шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки агар кўдак имсол ба мактаб равад, баъд аз дањ – дувоздањ сол мо наслеро соњиб мешавем, ки њамагї бо забони ќазоќї њарф мезананд.
Њамин тариќ, аллакай то соли 2025 забони ќазоќї дар тамоми соњањои зиндагї бартарї пайдо мекунад, забони муоширати њамагон мешавад. Ин, бешубња, дастоварди бузурги давлати мо хоњад шуд. Истиќлолияти мо, озодии мо оќибат чизеро пайдо мекунад, ки миллатро муттањид мекунад, ба якдигар тифоќ мекунад – ин забони модарист. Ин гавњари асосї дар тољи истиќлоли давлати мост.
(2)Њоло њозир мо чорањои лозима дида истодаем, то шароите фароњам биёрем, ки кўдакони мо дар баробари забони ќазоќї, боз забонњои русї ва англисиро низ аз худ намоянд.
Сезабонї бояд дар сатњи давлатї њавасманд карда шавад.
Ба забони русї ва хатти кириллї мо бояд эњтиёткорона, ба мисли он, ки ба забони ќазоќї муносибат дорем, муносибат дошта бошем. Ба њама маълум аст, ки донистани забони русї барои миллати мо – ин бартарии таърихии халќи мо мебошад.
Њаќиќатеро нодида гирифтан мумкин нест, ки ба воситаи забони русї дар давоми садсолањо мо донишњои иловагї мегирем, љањонбиниамонро васеъ мегардонем, муоширати худро чї дар дохил, чї дар хориљи кишвар зиёд менамоем.

Дар омўхтани забони англисї мо бояд љањише бикунем. Донистани ин «лингва франкаи» љањони муосир барои њар як фарди давлати мо дар зиндагї имконоти нави бемањдудро мекушояд.
 
Чањорум.Фарњанг, анъана ва урфу одат
 
Расму оин ва фарњанг – ин рамзи генетикии миллат аст.
Ба ќазоќњо ва дигар миллатњое, ки дар сарзамини мо зист доранд, ба њамаи душворињо ва бесомонии давраи шоњ, изтироби инќилоб ва тоталитаризм нигоњ накарда, муяссар шуд, то хусусияти фарњангии хешро нигоњ доранд.
Зиёда аз он, дар давоми солњои истиќлолият, ба глобализатсия ва ѓарбигарої нигоњ накарда, асоси фарњангии мо ба таври намоён пурќувват гашт.
Ќазоќистон кишвари беназир аст. Дар љомеаи мо унсурњои фарњангии тамоман гуноун муттањид шуда, њамдгарро пурра ва ѓанї мекунанд.
Ба мо зарур аст, ки фарњанг, анъанањои миллии худро бо тамоми рангорангиву бузургиаш њифз карда, мероси фарњангии худро зарра –зарра љамъ кунем.
Таърихи мо сабаќ медињад, ки мамлакат танњо дар он ваќт зўр аст, ки агар миллат муттањид бошад. Бинобар ин, ягонагии ќазоќњо барои мо масъалаи асосї мебошад.
Кї ба ѓайр аз мо ба ташкили Ќазоќистони пурзўр манфиатдор аст? Посух худ аз худ маълум аст.
Дар назди мо масъалањое истодаанд, ки дар назди халќњои дигар дар даврањои гуногун истода буданд. Онњое, ки мушкилињоро пушти сар карданд, ба миллатњо ва давлатњои пурзўр мубаддал гаштанд.
Ман њамчун пешвои миллат аз он дар ташвиш њастам, ки ќуввањое пайдо шудаанд, ки мехоњанд вањдати миёни ќазоќњоро барњам зананд. Касоне њастанд, ки ба ин огоњона ё ноогоњона дода мешаванд, бо тибќи баъзе нишонањо људо мешаванд, ќабл аз њама тибќи шаљара.
Аммо набояд моњияти аслии анъанаи шаљара фаромўш шавад. Шаљара бо як авлод ё ќабила мањдуд намешавад. Шаљара ин Дарахти зиндагист, ки дар он њама як реша дорад. Шаљара нишон медињад ва исбот мекунад, ки решаи њамаи мо як аст ва њамаи мо ќазоќњо якем. Шаљара моро пароканда не, балки муттањид мекунад.
Маро он чиз ба ташвиш овардааст, ки миллатро ба таври сунъї ба «нагыз казах» и «шала казах» таќсим мекунанд. Ман ба љои онњое, ки љомеаро проканда мекунанд, шарм мекунам. Хатарнок он аст, ки ин кор зери ѓояњои муќаддаси муњаббат ба ватан сурат мегирад.

Љавонони мо бояд ёд бигиранд, ки њамдигарро мисли фарзадони як падару модар ва намояндагони як халќ дўст доранд, сарфи назар аз он, ки дар куљо њастанд.
 
Панљум. Наќши равшанфикрони миллї
 
Мо ба он марњилаи рушди давлатдории худ ворид шуда истодаем, ки масъалаи маънавият аз масъалањои иќтисодї ва моддї камтар ањамият надорад.
Наќши асосиро дар рушди маънавї њамеша зиёиён мебозиданд. Ќазоќистони соли 2050 бояд љомеаи идеалњои прогрессивї шавад. Асоси андешањои муосири љомеаи моро бояд зиёиён дињанд.
(1 Зиёиён бояд ќувваи пешбаранда дар тањкими арзишњои миллї дар марњилаи давлати комёбшуда бошанд.
Барои мо зарур аст, ки ќањрамонњои нави давронро созем ва намоиш дињем. Касонеро нишон дињем, ки аз онњо бояд ибрат бигиранд.
(2) Зиёиён метавонанд ва бояд наќши калидиро дар ба вуљуд овардани љањонбинии модели ояндаи мамлакат дар асоси роњи нави сиёсат- Ќазоќистон 2050 аз диди ман, бозанд.
(3) Мо бояд корро барои ташаккул додани шуури таърихии миллат идома дињем. Ягонагии умумиќазоќї бояд мењвари шуури таърихии халќи мо шавад.
Имрўз  њар  як  ќазоќистонї  сарфи  назар  аз  мансубияти  милливу  мазњабї  шањрванди комилњуќуќи кившари мо аст.
Халќи ќазоќ ва забони давлатї њамчун љавњари муттањидкунандаи умумияти мадании Ќазоќистон баромад мекунанд.
Мо чунин љомеаи боадолате месозем, ки дар он њар кас метавонад гўяд: «ман ќазоќистонї њастам, ва дар ватани худам њастам ва назди ман њамаи дарњо кушодаанд».
Мо бисёр њастем ва мо њама як Кишварем ва як Њалќем.
Муфид будан барои кишвари худ, масъул будан нисбат ба сарнавишти Ватани худ- ин ќарз ва шараф барои њар як сиёсатмадори бомасъулият ва барои њар як ќазоќистонї аст.
Мо вањдату муросоро асоси бунёди љомеа   ва тањаммулпазирии махсуси Ќазоќистонро эълон кардем.
Мо бояд ин арзишњоро боэњтиёт ба наслњои ояндаи ќазоќистонињо бидињем.
 
Шашум. Динњо дар Ќазоќистон дар асри XXI
 
Имрўз масъалаи динњои барои халќи мо ѓайрианъанавї ва равияњои дурўѓин хеле љиддї меистад.
Як ќисми љавонон ба тарзи кўр-кўрона ин нигоњи ѓайрро ба зиндагї ќабул мекунанд, зеро ин ќисми љомеа дар ин масъала масунияти заиф доранд.

Ќонуни асосии мо эътиќоди диниро кафолат медињад, Ин далели раднашанда аст. Аммо, чунон ки маълум аст, озодии бењудуд вуљуд дошта наметавонад. Њама чиз бояд дар доираи Ќонуни асосї ва ќонунњои љорї бояд њал шавад.
Њама њуќуќи интихобро доранд. Зимни интихоби афзалиятњои динї зарур аст, ки хеле бомасъулона муносибат шавад, зеро аз он тарзи зиндагї, маишат, ва дар аксар њолат, њаёти инсон вобастагї дорад.
Имрўз дар асри Интернет ва технологияњои пешрафта, дар њоле ки мављи иттиилоотї бенињоят калон аст, филтр бояд дар ботини инсон бошад.
«Филтри дохилї» бояд инсонро саволњо дињад: оё ба мо зарур аст, ки модарон, хоњарон, духтарон либосњои миллатњои ѓайрро ба тан кунанд, бо рўмол худро пўшонданд? Оё онњо дар сари як дастархон њамроњи мо хўрок намехўрданд? Мошин намеронданд? Њамаи ин анъанањои ташаккулёфтаи халќњои дигар аст, аммо чунин ахлоќ дар даштњои мо вуљуд надошт. Классиконро хонед ва филмњоро тамошо кунед.
Занњои мо ифтихори миллї доранд, онњо либосњои анъанавии худро доранд, аммо хоксоранд, ва мо мардон аз ин сўиистифода мекунем.
Мо ифтихор мекунем, ки як ќисми уммати ислом њастем. Аммо набояд фаромўш кунем, ки мо анъанањои љомеаи дунявиро дорем ва Ќазоќистон давлати дунявї аст.
Мо бояд шуури диниро ташаккул бидињем, ки он ба анъанањо ва меъёрњои фарњангии мо мутобиќ бошад. Мо бояд бењтарин модели рафторро интихоб кунем. Стратегияе, ки ман онро эълон мекунам, халќи моро ба зиндагї дар асри XXI тайёр мекунад, на ба зиндагии асримиёнагї.
 
 
***
 
Давлат ва шањрвандон бояд дар як љабњаи муттањид ба муќобили њар гуна шаклњо ва зуњуроти ифротгарої, экстремизм ва терроризм њамроњ амал кунанд.
Ташвиши махсусро тањдидњои ба истилоњ экстремизми динї ба вуљуд овардааст. Намояндагони иерархияи динї низ изњори нигаронї доранд.
Мо набояд ба он роњ дињем, ки дини њаќиќии Худованд бо таассуби харобиовар ва зўроварї иваз шавад.
Таассуби кўр-кўрона ба равон ва менталитети халќи сулњпарвари мо комилан бегона аст. Он ба мазњаби њанафї, ки диндорони Ќазоќистон пайраваш мебошанд, низ мухолиф аст.
Экстремизм ва терроризм дар Ќазоќистон заминаи љиноятї доранд, на ѓоявї. Пушти фазлфурўшии дурўѓин фаъолияти љинояткоронае нуњуфтааст, ки асосњои љомеаро хароб мекунад.

Ин њамла ба оромиву осудагї дар мамлакати мо мебошад. Ин санљиши устувории давлатдории мо ва камолоти шањрвандии мост.
• Мо бояд ќонунгузории худро ба маќсади безарар гардондани зуњуроти ифротгарої ва экстеримзми динї такмил бидињем. Мо бояд њамчунин ќонунунгузории зиддитерористиро низ такмил бидињем.
• Давлат бояд экстремизму радикализмро, аз њар куљое, ки сар мебарорад, решакан кунад.
• Мо бояд механизмњои нави боэътимоди рањої ёфтан аз ташаннуљу низоъњои иљтимої, миллї ва диниро ташаккул бидињем. Зарур аст, ки фаъолияти сектањои ѓайрианъанавї ва равияњои динњои дурўѓин ќотеона решакан шаванд.
Мо бояд амалњои пешгирикунандаи экстремизми диниро дар љомеа, алалхусус, дар муњити љавонон шиддат бахшем. Инчунин, зарур аст имкониятњои Анљуманњои лидерони динњои љањонї ва динњои анъанавї истифода шаванд. Дар ин замина мо бояд платформаи навро барои њалли низоъњои хислати динї дошта ба вуљуд биоварем.
Ба мо зарур аст, ки барои миёнаравї дар нуќтањои доѓи минтаќа, дар њудуди Шарќи Наздики Бузург, ва њатто дар миќёси глобалї ба маќсади њалли низоъњои диниву этникї тайёр бошем.
Хислати дунявии давлати мо муњимтарин шарти рушди бомуваффаќи Ќазоќистон аст.
Инро бояд сиёстамадорони насли имрўзу фардои Ќазоќистон, тамоми ќазоќистонињо дарк кунанд.
Ба Њукумат супориш медињам, ки якљоя бо Дастгоњи ман барномаи давлатии мубориза бар зидди ифротгароии динї ва терроризмро тањия кунанд.
Дар айни њол ман мехоњам миллатро огоњ кунам, ки мубориза бар зидди экстремизм набояд ба мубориза алайњи шахсони номатлуб ва муборизаи динњо мубаддал гардад.
Дар масъалаи дин муносибати боандеша ва эњтиёткории зиёд зарур аст.
Давлат набояд ба корњои дохилии љомеањои динї дахолат кунад. Мо бояд принсипњои озодии виљдон, анаъанањои тањаммлупазирї ва мазњабпазирро риоя кунем.
 
Ќазоќистонињои   мўњтарам! Њамватанони  ман!
 
Ман имрўз ба якояки шумо Мурољиат мекунам.
Дар назди мамлакат вазифањои калон истодаанд. Ва ман ба муваффаќиятамон бовар дорам.
Ман боварии комил дорам, ки ќазоќистонињои соли 2050 намояндагони љомеаи инсонњои босавод ва озоде мешаванд, ки бо се забон гуфтугў мекунанд.
Онњо шањрвандони љањон мешаванд. Онњо саёњат мекунанд. Онњо барои донишњои нав боз њастанд. Онњо мењнатдўст њастанд. Онњо ватандўстони кишвари худ њастанд.

Ман бовар дорам, ки дар соли 2050 Ќазоќистон Љомеаи Мењнати умумї мешавад. Иќтисоди мо пешрафта мешавад ва дар он њама кор барои инсон сурат мегирад. Дар он сулњу субот њукмфармо мешавад. Дар он шањрвандон озод ва баробар мешаванд. Дар он волоияти ќонун татбиќ мешавад.
Ман бовар дорам, ки мо бо роњи дуруст њаракат дорем ва њељ чиз наметавонад моро аз ин роњ берун кунад.
Агар мо пурќувват шавем, моро эњтиром мекунанд.
Агар мо ба мўъљиза эътимод кунем ва ё ба дигарон умед бандем, мо аз дастовардњоямон њам мањрум мешавем.
Бинобар ин, мо бояд имрўз интихоби дуруст кунем.
Масъулияти махсус барои татбиќи роњи нави стратегии «Ќазоќистон -2050» пеш аз њама ба ўхдаи ќазоќњо њаст.
Мо набояд фаромўш кунем, ки љавобњои мувофиќро ба тањдидњои замон мо танњо дар шароити њифзи коди фарњангии худ дода метавонем: забон, маънавиёт, анаъанањо ва арзишњо.
Бо забони фањмои имрўза агар гўям, алалхусус фањмо барои љавонон.
Кай системаи компютер вайрон мешавад? Ваќте ки коди барнома вайрон мешавад. Дар зиндагї њам њамин хел аст. Агар миллат коди фарњангии худро гум кунад, худи миллат њам аз байн меравад. Ба ин роњ додан мумкин нест.
Ман бовар дорам, ки таърихи бой ва хотираи гузаштагони бошарафи мо ёрї медињанд, ки мушкилоти минбаъдаро низ пушти сар кунем.
Таърих гувоњ аст: дар даврањои мушкил халќи мо њамеша муттањид шуда, мусибатњоро ба пирўзии худ мубаддал месохт.
Алтау ала болса, ауыздағы кетедi. Төртеу түгел болса, төбедегi келеді. Яъне:
Шаш нафар њамфикр набошад, чизи дар дањонашон буда меравад, Чор нафар муттањид бошад, чизи дар осмон буда  ба даст меояд.
Сесад сол ќабл ваќте, ки ќазоќњо дар наздики Аниракай муттањид шуданд, дар он лањза, садоќат ба сарзамини худ ва аќли солим боло гирифта буданд. Ин корнамоиро аљдоди њар яки мову шумо карда буданд.
Ин ки мо чїгуна аз мушкилоти минбаъда мебароем, аз муттањидии мо вобастагї дорад. Гузаштагони мо бењуда нагуфтаанд, ки «Отан оттан да ыстық», яъне «гармии ватан аз оташ њам гармтар аст».

Ман ба насли калонсол мурољиат мекунам. Хиради шумо бояд ба насли љавон ёрї расонад, ки бо онњо бо роњи дуруст њаракат кунанд, ватанро дўст доранд.
Ман ба насли миёнсол мурољиат мекунам. Ќисмати шумо чунин будааст, ки он ба суќути як давлат ва барќарор шудани давлати дигар рост омад. Ин давраи ќабули ќарорњои мураккаб ва мушкил буд. Таљрибаи андўхтаи шумо сармояи бебањоест, ки ба мо ёрї мерасонад, ки њамаи мусибатњоро пушти сар кунем.
Ва ахиран, ман ба љавонони мо мурољиат мекунам. Шумо таљассумгари умедњои мо дар оянда мебошед. Њар коре, ки мо имрўз мекунем, барои шумо мекунем. Аксари шумо баробари истиќлолияти мо умр доред. Аммо дар соли 2050 шумо шањрвандони баркамоле мешавед, ки дар татбиќи ин барнома ширкат кардаед. Роњи ояндаи мамлакатро шумо муайян мекунед.
Шумо дар шароити истиќлолият тарбия ёфтаед, Мо чунин шароит надоштем.
Тафаккури наву мустаќили шумо њамон чизест, ки онро мо надоштем. Тафаккури наву мустаќили шумо кишварро ба сўи маќсадњои наве, ки имрўз барои мо дуру дастнорас менамояд, мебарад.
Ман тамоми халќро давъат мекунам, ки бо сифатњои абадї - ѓайрату мењнатдўстї ва маќсад доштан дар зиндагї мусаллањ шуда, кишвари моро созед.
Ман ба Шумо бовар дорам. Ман бовар дорам, ки ин имконияти таърихии моро Шумо аз даст намедињед.

хроника 2050

МСБ будет производить не менее 50% объема ВВП

Производительность труда будет увеличена до 126 тысяч долларов 100-процентный охват казахстанских детей от 3 до 6 лет дошкольным образованием

Казахстан будет полностью обеспечивать собственный рынок ГСМ в соответствии с новыми стандартами экологичности

Доля несырьевого экспорта в общем объеме экспорта должна увеличиться в два раза и в три раза к 2040 году

Начнется перевод нашего алфавита на латиницу

95% казахстанцев должны владеть казахским языком

На 15 % посевных площадей будут применяться водосберегающие технологии

Будет решена проблема обеспечения населения водой для орошения

Показатель объёма ВВП на душу населения достигнет 60 тысяч долларов

Доля городских жителей РК вырастет до 70 % от всего населения